6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин панҷ иншооти иҷтимоӣ бунёд мешаванд

353
Ба истиқболи таҷлили солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорон панҷ иншооти иҷтимоии нав мавриди истифода қарор мегиранд.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хабар медиҳад.

Ҳамчунин дар ноҳия мумфарш намудани роҳҳо, бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан ободу зебо гардонидани маҳалли зист, гулгашту майдонҳо, инчунин сохтмони иншооти гуногуни дорои аҳамияти иҷтимоӣ бо маром ҷараён доранд.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ 24 сентябри соли равон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба соҳибкорони маҳаллӣ, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои созандагӣ саҳми фаъол мегузоранд, изҳори миннатдорӣ намуда, чунин иқдоми бунёдкоронаро нишонаи олии ватандӯстӣ арзёбӣ карданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво