25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар аксияи «Соҳили тоза» садҳо тан аз сокинони Бадахшон ширкат намуданд

243
Дар аксияи «Соҳили тоза» садҳо тан аз сокинони Бадахшон ширкат намуданд
Зиёда аз 100 нафар кормандони идораву муассисаҳои шаҳри Хоруғ давоми ду рӯз атрофи соҳили дарёи Панҷро аз партову ахлот пок намуданд.
Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мулкамон Назаралиев гуфт, ки “бо фарорасии фасли сармо мавсими боронгарӣ ва боду шамол оғоз мешавад ва ҳамаи ин партову ахолотро ба дарёи Панҷ меандозад. Аз ин на танҳо ҷонварони зериобӣ зарар мебинанд, балки ба саломатии одамоне, ки дар поёноби дарё зиндагӣ мекунанд, низ осеб мерасад. Мутобиқи омори расмӣ қад-қади соҳили дарёи Панҷ бештар аз чор миллион сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ сукунат доранд ва як қисмашон бевоситаву қисми дигар тавассути насосҳои обкаш ин обро истеъмол мекунанд. Воқеан оби дарё хеле поку ширин аст, зеро саргаҳи он аз пиряхҳои беғубор маншаъ мегирад ва маскунони болооб дар тоза нигоҳ доштани оби дарё масъул ҳастанд”.
Ба гуфтаи сардори хоҷагии ҷангали вилоят Назрӣ Назриев, “ин маърака ҳамасола дар остонаи фасли зимистон, то боридани барф ҳафтае як маротиба баргузор мешавад. Дар он толибилмону донишҷӯён ва кормандони идораву муассисаҳои шаҳрию вилоятӣ ширкат меварзанд. Дар фасли тобистон баъзе аз сокинон ба соҳили ин дарё меоянд, дастурхон ороста мекунанд, дам мегиранд, аммо пас аз дамгирӣ ҳар гуна ахлот, асосан бастаҳои полиэтиленӣ, шишаҳои пластикӣ, пучоқи меваҷот ва амсоли инҳоро партофта мераванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки маърифати экологии баъзе аз сокинон ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ нарасидааст. Агар онҳо пас аз дамгирӣ ҳамаи ин партовро ҷамъ карда, ба ҷои зарурӣ интиқол медоданд, ҳоҷат ба саргардон кардани садҳо нафар пеш намеомад. Агар ин ҷавонон неруи худро ба кори дигари ҷамъиятӣ сарф менамуданд, беҳтар буд”.
Аз Раёсати муҳити зисти вилоят хабар доданд, ки ҳафтаи гузашта аксияи «Соҳили тоза» аз ноҳияи дурдасти Мурғоб то ноҳияҳои поёнии вилоят- Ванҷу Дарвоз роҳандозӣ гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво