19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хатлон беш аз 10 адад муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд

262
Дар 9 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон сохтмони беш аз 10 адад муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ (КАТС) ба маблағи зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, айни замон дар вилояти Хатлон сохтмони дигар муассисаҳои тиббӣ идома дошта, дар ин давра дар ноҳияи Темурмалик Маркази саломатии Танобчӣ аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 672 ҳазор сомонӣ навсозӣ карда шуд. Ҳоло сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаҳои Танобчии боло, Гузари тор ва Даҳани намак ҷараён дорад.

Ёдовар мешавем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бунёд, навсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ ба ҳукми анъана даромада, ҷиҳати баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ҳамасола дар ҷумҳурӣ чандин муассисаҳои тиббии замонавӣ ба истифода дода мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво