19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хоруғ бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ Конференсияи назариявию амалӣ баргузор гардид

323
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бахшида ба 700-солагии шоири шуҳратёри тоҷик Камоли Хуҷандӣ Конференсияи назариявию амалӣ ва ҳамзамон озмун доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ин шоири тавонои тоҷик байни омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Атобек Шукурбеков изҳор дошт, ки “ҳадафи баргузор намудани конференсия ва озмуни мазкур- ин боло бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳии омӯзгорон аст. Зеро агар омӯзгор ҷӯянда набошаду аз таърихи тамаддунофари халқи худ ва зиндагиномаи намояндагони маъруфи он огоҳии комил надошта бошад, наметавонад насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба воя расонад”.

Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами сеюми шаҳри Хоруғ Гуландом Дарвозиева гуфт, ки «Камоли Хуҷандӣ яке аз намояндагони намоёни адабиёти тоҷик буда, дар ғазалсароӣ ҳамрадифи Ҳофизу Саъдӣ шумурда мешавад. Мояи ифтихори халқи тоҷик аст, ки бо пешниҳоди Ҳукумати мамлакат ин санаи таърихиро созмони байналмилалии ЮНЕСКО низ пазируфт ва онро дар баробари халқи тоҷик акнун миллатҳои гуногуни бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил мекунанд».



Пас аз Конференсияи назаривию амалӣ байни омӯзгорон аз рӯи 6 шарт озмун сурат гирифт. Таҳияи рӯзномаи деворӣ, мақола доир ба эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, қироати ғазал бо оҳанг ва шарҳи ғазал аз зумраи шартҳои асосии ин озмун буданд. Ҳайати ҳакамон аз ҳама бештар ба нутқи иштирокчиёни озмун ва шарҳу тавзеҳи ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Баъди баҳсу баррасӣ ҳайати ҳакамон дар шарти сароидани ғазал бо оҳанг ҷои аввалро ба омӯзгорони Мактаб-литсеи Оғохон дода, аз рӯи шарти дуюми озмун- «Рӯзномаи деворӣ» мақоми аввал насиби омӯзгори муассисаи таълимии рақами 12 гардид. Беҳтарин мақола доир ба эҷодиёти Камоли Хуҷандиро омӯзгори Мактаби президентӣ соҳиб шуд.

Ғолибони озмун бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравии шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ сарфароз гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво