18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Нашриёти «Адиб» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб доир намуд

381
Имрӯз, аз субҳи барвақт дар саҳни бинои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷониби Нашриёти «Адиб» намоиш-фурӯши китоб оғоз гардид, ки он ба як маъракаи бошукӯҳи фарҳангӣ табдил ёфт. Таваҷҷуҳи беандозаи устодон ва донишҷӯёни ин даргоҳ ба китобҳои пешниҳодшуда бори дигар аз мақоми шоиста доштани китоб дар ҳаёти онҳо дарак медод. Дар ин намоиш-фурӯш зиёда аз 150 номгӯйи китобҳои бадеӣ бо теъдоди зиёда аз 5000 ҳазор нусха пешниҳоди дӯстдорони мутолиа гардиданд. Иштиёқмандони мутолиа ҳамчунин имкон доштанд, ки аз ин намоиш-фурӯш китобҳоро аз осори адибони муосири тоҷик ва нависандагони ҷаҳонӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ дастрас намоянд.

Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, чун аънана дар ин намоиш — фурӯш низ шоирону нависандагони маъруфти тоҷик, аз ҷумла Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Абдуғаффор Абдуҷаббор ва дигарон иштирок намуда, ба китобҳои харидаи иштирокдорон соядаст мегузоштанд. Дар ин маъракаи фарҳангӣ донишҷӯёну омӯзгорони донишкадаи мазкур бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик суҳбат намуда, бо бо онҳо аз наздик шинс мешуданд, ки басо хушҳолкунанда буд.

Мавриди зикр аст, ки нашриёти «Адиб» иқдоми мазкурро таҳти унвони «Китоб бояд хонд!» ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи марти соли 2019 роҳандозӣ намудааст.

«Муассисаи нашриёти «Адиб» аз аввали соли равон ҳар рӯзи шанбе ярмарка-фурӯши китоб мегузаронд. Дар ин тадбири муҳими фарҳангӣ беш аз 5000 нусха китоб, ки фарогири асарҳои бадеӣ, адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва ҳуруфоти ниёгон мебошанд, ба фурӯш гузошта мешаванд. Агар дар аввал муассисаи мо рӯзҳои шанбе чунин чорабинии фарҳангиро роҳандозӣ менамуд, вақтҳои охир афзоиши таваҷҷуҳ ва талаботи зиёди мардум ба китоб моро водор сохт, ки онро қариб ҳар рӯз онро доир намоем. Ҳадаф аз баргузории ин ярмарка ҳарчи бештар ба мардум дастрас намудани китоб аст»,- афзуд директори «Адиб» Давлат Сафар.

Ёдовар мешавем, ки нашриёти «Адиб» баҳри тарғибу ташвиқи китоб миёни қишрҳои ҷомеа чунин ярмаркаҳоро дар ҳар гӯшаву канори мамлакат низ доир менамояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво