20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Оилаи Ғафуровҳо дар деҳаи Ёзғанди Сангвор майдончаи варзишӣ ба истифода доданд

278
Ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ёзғанди ноҳияи Сангвор майдончаи варзишии замонавӣ бунёд гардид.
Майдончаи мазкур бо ташаббуси истиқоматкунандаи деҳаи Ёзғанд Юсуф Ғафуров ҳамроҳ бо фарзандонаш бунёд гардид. Ба гуфтаи намояндагони ҳукумати ноҳияи Сангвор, Юсуф Ғафуров ва фарзандонаш аз ҷумлаи фарзандони ватандӯсту ватанпараст, бунёдкору созанда мебошанд, зеро дар ин деҳа чандин маротиба дар корҳои хайру савоб ва ободкориҳо саҳм гузоштаанд. Бо ташаббуси ин оила синфхонаҳои мактаби деҳа таъмир ва бо мизу курсию ашёи хониш таъмин гардиданд. Ду километр роҳи деҳа чароғон карда шуд. Ба як қисми деҳа, ки сокинонаш аз оби нӯшокӣ танқисӣ доштанд, хати об гузаронида, хатнасури дастаҷамъонаи кӯдакони оилаҳои камбизоатро баргузор карданд. Ба муҳассилини мактаби деҳа дар оғози соли нави хониши солҳои гузашта ашёи хониш тақдим намуданд.
Оилаи Ғафуровҳо дар корҳои ободонии деҳа ҳамеша саҳм гузошта, ният доранд дар шафати майдонча маркази савдои замонавӣ ва нуқтаи таъмири нақлиёт бунёд намоянд.
Масъулин зикр намуданд, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки насли наврас бояд солим бошад, дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намояд. Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб аз худ кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии мамлакатро таъмин намояд.
Аз мулоқотҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат хулоса баровардан мумкин аст, ки Сарвари давлат ба насли ҷавон таваҷҷуҳи хосса дошта, ба неруи созанда ва қувваи пешбарандаи онҳо боварии комил доранд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ, новобаста аз мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, дар ҷумҳурӣ оид ба нигоҳдории саломатии аҳолӣ, аз ҷумла наврасон ва ҷавонон тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд, зеро солимӣ неруест, ки барои беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва инкишофи инсон шароити мусоид фароҳам меорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво