20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Спитамен чойхонаи «Роҳат» мавриди истифода қарор гирифт

245
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи «Роҳат» мавриди истифода қарор гирифт. Маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи «Роҳат» аз тарафи соҳибкор Ҷамшед Бозоров бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ бунёд гардида, барои сокинону меҳмонони ноҳия пешбинӣ шудааст.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он 20 нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

Зимни ифтитоҳи чойхона зикр шуд, ки бо дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон дар бунёди иншооти гуногун саҳм гузошта, ба ин восита барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши назаррас мегузоранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво