19 май 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Исфара Мактаби хусусии байналмилалии «Ориён» бунёд мешавад

329
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сохтмони бинои Мактаби хусусии байналмилалии «Ориён» бо харҷи 30 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкорони саховатпеша Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Ӯлмасовҳо идома дорад.

Тавре масъули сомонаи муқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, иншооти таълимӣ барои 1600 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 4 бино – бинои маъмурӣ, ду бино бо 40 синфхонаи таълимӣ, утоқҳои фаннӣ, ошхона, ҳавзи шиноварӣ ва дигар инфрасохтори муосири таълимӣ иборат мебошад.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори алоҳидаи муосири варзишӣ сохта мешавад. Барои дар шароити зарурӣ баргузор намудани ҷамъомаду барномаҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ бунёди толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Инчунин бунёди хобгоҳ барои 200 нафар толибилм дар назар дошта шудааст.

Лоиҳаи иншооти бинои нави таълимӣ аз ҷониби меъморони КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Исфара таҳия гардида, буҷаи лоиҳавӣ 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи нақша, корҳои сохтмонӣ моҳи августи соли 2021 ба охир расонида шуда, аз оғози соли нави таҳсил таълимгоҳ ба фаъолият оғоз мекунад.

Бунёди ин мактаб идомаи иқдомҳои созандагӣ дар соҳаи маориф буда, айни замон бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкорону аҳолӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара сохтмони 18 синфхонаи иловагӣ сурат мегирад.

Ҳоло дар шаҳри Исфара бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтаанд. Тибқи нақша, бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 450 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии қариб 1 миллиард сомонӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо пешбинӣ шуда, соли 2020 сохтмон ва таъмиру навсозии 124 иншоот анҷом меёбад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво