26 ноябр 2020, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

ПИРӮЗӢ МУБОРАК! Дастаи «Равшан» баъди 26 сол дубора Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард

23
Клуби футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, Ҷом ба даст овард. Голи ягонаро ҳимоятгари «Равшан» Далер Шомуродов дар дақиқаи 67-ум аз пеналтӣ зад.

Фонди ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон 35 000 сомониро ташкил медод. Ба ғолиб 20 000 сомонӣ ва ба дастаи ҷои дуюм 15 000 сомонӣ тақдим шуд. Ҳамчунин барои беҳтарин бозингари бозии финалӣ 3000 сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки насиби нимҳимоятгари дастаи «Равшан» Абдураҳмон Нозимов гардид.

Бояд зикр кард, ки бори аввал дар таърихи мусобиқаи Ҷоми мамлакат намояндаи Лигаи якум пирӯз шуд.
Дастаи «Равшан» маротибаи дуюм аст, ки соҳиби Ҷоми Тоҷикистон мешавад. Қаблан, 26 сол пеш- соли 1994 ин Ҷомро болои сар бардошта буд.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Финал
«Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0

Гол: Далер Шомуродов, 67 – аз пеналтӣ.

Беҳтарин бозингар: Абдураҳмон Нозимов («Равшан»).






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво