26 ноябр 2020, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

«ҶОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Баҳри дарёфти он дар Душанбе даври сеюми Мусобиқаи шоҳмот ҷамъбаст шуд

28
Дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии «Куруши Кабир» маросими ҷамъбасти даври сеюми Мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаи бозиҳо миёни наврасон Томирис Хоҷаева, Рустам Асрорӣ, миёни духтарон Марҳабо Абдураҳмонова, миёни писарон, Абубакр Ҳамроев, миёни бонувон Нигора Хоҷаева ва миёни мардон Фарҳод Муминов ғолиби ҷои аввал шуданд. Байни варзишгарони касбӣ Сабрина Абророва, Ҷалолиддини Илҳомӣ, Мутриба Ҳотамӣ, Аминҷон Қобилов, Саодат Одинаева ва Ҷамшед Исаев сазовори ҷои аввал дониста шуданд. Ба ғолибон туҳфа ва сипоснома тақдим шуд.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъбасти мусобиқаи мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт Шоҳзод Раҳимзода иштирок намуданд.

Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки дар ҷомеаи имрӯза ба тарзи ҳаёти солим ва варзиш, махсусан ба намуди шоҳмот ҷалб намудани қишрҳои гуногун аҳамияти муҳим дошта, он баҳри рушди зеҳнии наврасону ҷавонон ва калонсолон мусоидат хоҳад кард.

«Бозии шоҳмот на танҳо ба рушди зеҳнии инсон таъсир мерасонад, ҳамзамон одобу ахлоқ ва хислатҳои накӯ, аз қабили инсондӯстӣ, дурбинӣ, накӯкорӣ, воқеанигорӣ, танзими ҳаёти ҳаррӯза, фикрронии мустақилона ва масъулиятшиносиро дар инсон тавлид менамояд. Бозии шоҳмот ҷузъи таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик буда, тавассути ин бозӣ метавон ҳусни таваҷҷуҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавононро ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҷалб намуд»,- гуфт Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат.

Ба андешаи Шоҳзод Раҳимзода, солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи варзиш, хусусан бозии шоҳмот зиёд буда, дар ин самт мусобиқаҳои гуногун доир карда мешаванд. Бо дарназардошти ин, моҳи августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҷорӣ кардани дарси шоҳмотро дар мактабҳои мамлакат таъкид карда буданд.

Пас аз он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби дарсиро бо забони тоҷикӣ таҳти унвони «Асосҳои шатранҷ» нашр кард, ки дар он қоидаҳо ва маҷмӯи комбинатсияҳои ин бозии қадимии мардуми мо дарҷ ёфтаанд,- зикр намуд номбурда.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво