19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Меҳргон — иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат ва натиҷаи заҳмати барзгарон

339
Иди Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми мо маҳсуб ёфта, ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накӯкорӣ, натиҷаи заҳмати барзгарон аст, ки ниёгони мо баъди ҷамъоварии ҳосил онро таҷлил мекардаанд. Ин матлабро ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Нуралӣ Шоҳиён дар ҳамоиши тантанавие, ки ба ифтихори Иди Меҳрон дар саҳни донишгоҳи мазкур сурат гирифт, изҳор дошт.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» масъулини донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Зикр шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иду ҷашнвораҳои миллии тоҷикон аз нав эҳё гаштаву дар байни мардум таҷлил мешаванд. Доир ба ҷашни Меҳргон низ Пешвои миллат назари некбинона дошта, онро куҳантарин ҷашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хосса изҳор менамоянд.

“Дар ҳамин асос ҷашни мазкур аз нав эҳё шуда, доир кардани он ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст”- иброз дошт ректори Донишгоҳи давлатии Данғара ва илова намуд, ки яке аз унсурҳои ин ҷашн аз он иборат аст, ки мардум бо шукрона аз баракати ҳосили ҷамъовардаашон либосҳои шинаму тоза ба бар карда, шодию хурсандӣ менамуданд. Онҳо дар ин ҷашн умеду шодӣ мекарданд, ки соли оянда ҳосил боз ҳам фаровон шавад ва дастархони мардум аз маҳсулоти кишоварзӣ фаровон гардад. Инчунин ба ин восита ғубори заҳмати кашидаи худро аз дил мебароварданд”.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво