19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Фирдавсӣ Иди Меҳргон ва Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ таҷлил гардид

289
Имрӯз дар Точикистон Иди Мехргон чашн гирифта мешавад дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон ва Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Мухбири АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ аз макони баргузории тантанаҳои ин ҷашн хабар дод, ки фестивали мазкурро Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор намуданд.

Имрӯз деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳаро пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода гардида, манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардиданд. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад. Сокинони шаҳри Душанбе дар барномаи пуршукӯҳи имрӯза ба боғ гурӯҳ-гурӯҳ ворид шуда, аз тамошои барномаи фарҳангӣ лаззат мебаранд.

Дар намоиши мазкур муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Вазири кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, намояндагони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки дар замони истиқлол Иди Меҳргон баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Мояи ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад.

Тавре муовини Сарвазири мамлакат зикр намуд, «Меҳргон яке аз қадимтарин идҳои фасли сол аст, ки дар байни қавмҳои ориёнажод расм шудааст. Он баробари инкишофи кишоварзӣ ва ҷорӣ гаштани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки дар рӯ­зи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад».

Таъкид шуд, ки «ҷашни Меҳргон ойини бисёр бостонӣ, мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд. Ин ҷашни миллӣ саршор аз ҳикматҳои созандаву инсондӯстона буда, дар баробари ин, исботи ҳанӯз дар замонҳои қадим кишоварз, яъне истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ будани аҷдоди мо мебошад».

Дар даромадгоҳи боғ аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҳсулоти кишоварзӣ бо маҳорати хеле олӣ ороиш ёфта буд, ки ба базмгоҳ зебоии дигаре зам менамуд.

Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Амонулло Салимзода иштирокдорони намоишро ба муносибати Иди Меҳргон шодбош гуфта, барои фаъолияти беҳтарин ва дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ ба муносибати Иди Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон аз рӯйи 22 номинатсия масъулони вазорату идораҳоро бо диплом ва туҳфаҳои молию пулӣ сарфароз гардонид.

Бояд гуфт, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосили заҳмати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии он далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.

Бояд тазаккур дод, ки дар баробари ҷашни Меҳргон кишоварзони мамлакат Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд. Дар ин рӯз шолипарварони мамлакат навъҳои гуногуни шолӣ ва биринҷро барои меҳмонон ва сокинони пойтахт ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Ҳамчунин дар фестивал таомҳои миллии аз биринҷ омодагашта, хони миллӣ, гӯшаи анъанаҳои миллӣ доир гардид. Дар намоишгоҳ гӯшаи тавсияҳо фаъол гардида буд, ки олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ба харидорон доир ба навъҳои биринҷ ва ба хоҷагиҳои кишоварзӣ оид ба парвариши биринҷ тавсияҳо медоданд.

Бояд тазаккур дод, ки биринҷ растании зироатӣ буда, дар заминҳои обдор кишт карда мешавад. Он аксаран дар даруни об рӯида, дар об месабзаду мерасад. Биринҷ маҳсулотест, ки дорои витаминҳои зиёд буда, организми инсонро як хел нигоҳ медорад. Он аз ҷумлаи донагиҳои хеле фоидаовар буда, ба гурӯҳи маҳсулоти табобатӣ дохил мешавад.

Истифодаи мунтазами маҳсулоти биринҷӣ хавфи гирифтор шудан ба бемории саратони рӯдаро камтар мекунад. Биринҷ сарчашмаи баъзе витаминҳои гурӯҳи Б мебошад. Витаминҳои гурӯҳи Б асабро ором намуда, ба пӯст беҳбудӣ бахшида, нохун ва мӯйи сарро нигоҳ медоранд.

Табибон тавсия медиҳанд, ки истеъмоли зиёди биринҷ ранги рӯйро пок менамояд, умрро дароз карда, дар бадан моддаҳои солим пайдо мекунад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво