24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Боғи «Ғалаба»-и шаҳраки Ёвон бо баргузории намоиши идона ҷашни Меҳргон таҷлил шуд

237
Ба муносибати ҷашни фархундаи Меҳргон дар Боғи «Ғалаба»-и шаҳраки Ёвон намоиши идона баргузор гардид. Дар намоиш маҳсули заҳмати деҳқонони ноҳия, ҳунарҳои дастии донишҷӯёни коллеҷҳо, литсейҳои касбии техникӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ, фаъолзанони шаҳраки Ёвон ба маърази тамошо гузошта шуд, ки бинандаҳо ба онҳо баҳои баланд доданд.

Роҳбарон ва меҳмонони ноҳия зикр намуданд, ки бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, дар натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва густариш ёфтани як силсила арзишу суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла яке аз пуршукӯҳтарин ҷашнҳои ниёгонамон- иди Меҳргон барои ҳар сокини мамлакат мояи ифтихору сарфарозист. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб фаро мерасидааст. Мувофиқи ойини гузаштагон дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон маросими зиёде сурат мегирифт, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксари одамон кишоварзӣ буд.

Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз либосҳои идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.

Дар намоиши мазкур фарҳангиёни ноҳия ва барномаи консертии ансамбли тарона ва рақси «Субҳи Ёвон» табъи тамошобинонро шод гардониданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво