25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Шуғнон коргоҳи хурди истеҳсолӣ ба истифода дода шуд

323
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 октябр дар деҳаи Бунии Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон коргоҳи хурди истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Коргоҳи мазкур бо таъсиси 7 ҷойи кор ба соҳибкор Нуралишо Саъдоншоев тааллуқ дошта, бо иштироки раиси ноҳия Ҷумъа Ҷумъазода мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Шуғнон иқдом гирифтаанд, ки бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои таъйиноти иҷтимоӣ, иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар марказу иншооти замонавиро дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон таъмиру навсозӣ ва бунёд намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво