19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии НБО «Роғун» шинос шуданд

247
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.

Корҳои сохтмонию васлгарӣ дар иншооти обқабулкунаки доимӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ориёно» бо суръат идома доранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо фаъолияти коргарону мутахассисон ва суҳбати озоду самимӣ ба онҳо дастуру ҳидоят доданд, ки қабл аз ҳама, ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати зарурӣ диҳанд.

Дар обқабулкунакҳои асосӣ бо назардошти роҳҳои дастрасӣ ба онҳо ва мустаҳкам намудани фарози кӯҳҳо то имрӯз 4,3 миллион метри мукааб корҳои заминӣ, 4,1 ҳазор метр гузоштани анкерҳои ПНА ва 134,4 ҳазор метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ ба анҷом расидааст.

Фаъолияти босамар ва шабонарӯзии коргарону мутахассисон имкон фароҳам овард, ки дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва тибқи нақшаи пешбинишуда вусъат ёбад.

Корҳои нақбкании шахтаҳои дарвозаҳои обрасон дар сатҳи 1300 метр аз ҷониби коргарони “Заводи таҷрибавӣ — механикӣ”-и Норак тибқи риояи талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ анҷом дода шуда истодаанд.

Дар иншооти обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз техникаву механизмҳои муосир истифода шуда, тавассути онҳо корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода мешаванд.

Президенти тозаинтихоби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти коргарону мутахассисон дар иншооти обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии “Роғун” баҳои баланд доданд.

Коргарону мутахассисон бо азму иродаи созанда ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бунёдгузори Неругоҳи барқи обии “ Роғун” Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабонарӯзӣ заҳмат кашида, барои анҷоми муваффақона ва босифати корҳо беш аз ҳарвақта саъю талош мекунанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво