Дар доираи сафари корӣ ба мавзеи бунёди НБО-и «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум соли 2018 оғоз гардида, дарозии иншооти мазкур 1750 метр ва қутраш 15 метрро ташкил медиҳад.
Қобилияти обгузаронии нақби сохтмонии қабати чорум дар як сония 3500 метри мукаабро дар бар мегирад.
То имрӯз ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ 342,3 ҳазор метри мукааб, корҳои бетонхобонӣ 92,2 ҳазор метри мукаааб ва гузоштани анкерҳои ПНА 21 ҳазор метр иҷро гардидааст.
Дар камераи дарвозаҳои садамавӣ ва асосии нақби сохтмонии қабати чорум корҳои нақбканӣ 73,3 ҳазор метри мукааб, корҳои бетонхобонӣ 3,3 ҳазор метри мукааб ва корҳои васлу насби оҳанфулузот дар ҳаҷми 181 тонна иҷро гардидаанд.
Корҳои лоиҳакашии иншоотро ширкати “Гидропроект”-и Москва, “Эфрӣ”-и Швейтсария, ҶСП “Тоҷик Кон” ва лоиҳакашии корҳои васлу насби оҳану фулузотро ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” анҷом медиҳанд.
Корҳои сохтмону васлгариро ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” идома дода истодаанд.
Чун дигар қитъаҳои сохтмонӣ коргарону мутахассисони соҳибтаҷриба бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ бо истифода аз муосиртарин нақлиёту механизми соҳавӣ корро дар нақби сохтмонии қабати чорум ба таври шабонарӯзӣ идома дода истодаанд.
Дар рафти бунёди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, масолеҳи сохтмонӣ қабл аз истифода санҷида мешавад.
Муҳайё будани шароити мукаммали корӣ барои корбарону кормандони муҳандисиву техникии ин иншооти азим омили асосии марҳила ба марҳила дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонидани корҳо гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки фаъолияти дастаҷамъона ва дарки баланди масъулиятшиносии кормандон имкон фароҳам овард, ки то имрӯз ду агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба кор дароварда шавад ва агрегатҳои дигари ин иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат низ мувофиқи нақша дар муҳлатҳои муайяншуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин қитъа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ намуда истодааст ва бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” низ аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат дар самти расидан ба ин ҳадафи стратегӣ мебошад. Сохтмон ва ба истифода додани Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки иншооти стратегӣ ба ҳисоб меравад, дар ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ расонида, пешрафти иқтисоди миллиро дар мамлакат пурра таъмин сохта, барои ҳар шаҳрванд зиндагии шоиста фароҳам меорад.