4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намунаи ибрат бошем

262
Намунаи ибрат бошем

9 октябри соли 2020 дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеи ҳайати мушовара баргузор грдид.
Дар маҷлиси ҳайати мушовара сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Раҳмоналӣ, намояндагони ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва кормандони масъули зерташкилоту муассисаҳо ва дастгоҳи марказии Кумита иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи маҷлиси васеи ҳайати мушовара ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:
1. Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2020 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти соли ҷорӣ.
2. Дар бораи ҳолати омодагии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021.
Барои ҷамъбаст намудани кору фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2020 ва гузоштани вазифаҳо барои ҷамъбасти соли ҷорӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол суханронӣ намуд. Дар маърӯзи худ ӯ сараввал қайд намуд, ки ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз ҷашнҳои муҳими давлати соҳибихтиёри кишварамон ба ҳисоб меравад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, бо вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷараёни корҳои созандагӣ шинос шуда, иншооти истеҳсоливу иҷтимоии навбунёдро мавриди истифода қарор доданд.
Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидаанд, ки пайомадҳои он дар рушди кишвари азизамон неку бобарор дониста мешавад, изҳор намуд Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.
-Кумита дар нуҳ моҳи соли 2020 барои ноил шудан ба ҳалли масъалаҳои гузошташуда як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Барои таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар талаботҳои қонунгузорӣ дар соҳаи сохтмону меъморӣ, инчунин ҷиҳати амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии давлат кормандони масъули дастгоҳи марказии Кумита ва воҳидҳои сохтории он, сармеъморони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилотҳои сохтмонию истеҳсоли масолеҳи бинокории ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликият дар ин муддат кӯшиши бештар ба харҷ доданд.
Намунаи ибрат бошем
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 63 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.
Лоиҳаи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Фархор барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ба итмом расида, дар мувофиқасозӣ қарор дорад.
Айни замон дар асоси нақшаҳои генералии тасдиқгардида таҳияи нақшаҳои муфассали банақшагирӣ низ ба роҳ монда шуда, дар ин давра аз ҷониби ҶСК «Шаҳрофар» тасҳеҳи Нақшаи генералӣ ва нақшаи муфассали банақшагирии маркази ноҳияи Балҷувон, таҳияи нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази ноҳияҳои Ёвон, Ховалинг ва Ишкошим ба анҷом расонида шуда, айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад. Таҳия ва тасҳеҳи Нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳои Вахш, Леваканд ва таҳияи нақшаи муфассали банақшагирии маркази шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дӯстӣ идома дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва баррасии масъалаҳои илмию техникӣ дар соҳа 4 ҷаласаи Шӯрои шаҳрсозӣ, 4 ҷаласаи Шӯрои илмию техникӣ ва 3 ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон гузаронида шуда, дар маҷмуъ 30 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва Корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2020 ба маблағи 25939499,0 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расониданд, ки ин 118 фоизи ҳамин давраи соли 2019-ро ташкил намуд.
Ҳосилнокии меҳнати ҳар як корманд дар нуҳ моҳи соли 2020 3418 сомонӣ ва маоши миёнаи кормандон дар давраи ҳисоботӣ 1559 сомониро ташкил дод, ки ин нишондод 105 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил дод. Дар ин давра аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ 64 адад асноди лоиҳавию харҷномавӣ таҳия карда шуд. Таҳлили нишондодҳои иқтисодиву молиявии ташкилотҳои лоиҳакашӣ нишон дод, ки нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд. Роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакашӣ барои зиёд намудани ҳаҷми кор ва баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат таваҷҷуҳи кам зоҳир менамоянд ва мутахассисон аз кам будани ҳаҷми кор истифода бурда дар вақти корӣ ба иҷрои корҳои иловагӣ, ки ба фаъолияти корхона дахл надорад, машғул мегарданд. Бинобар ин бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифат дар ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва зиёд намудани ҳаҷми кори онҳо, роҳбарони ташкилотҳои лоиҳакаширо вазифадор менамоям, ки дар муҳлати кутоҳ таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Кумита дар панҷ соли охир барои беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои лоиҳакашӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро мутобиқи талаботи замони муосир такмил дода мавриди истифода қарор дод. Мутаассифона на дар ҳамаи ташкилотҳои лоиҳакашӣ мутахассисон ба омӯзиши санадҳои зикршуда фаро гирифта мешаванд, ки ин ба сатҳу сифати кор бе таъсир намемонад.
Аз ин ру пешниҳод карда мешавад, ки солҳои 2021 ва 2022 дар Кумита солҳои баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои меъморӣ ва сохтмонӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои лоиҳакашӣ, экспертизаи давлатии лоиҳаҳои сохтмонӣ, иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, назорати давлатӣ, техникӣ ва муаллифӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, беҳтар намудани низоми иҷозат ва иҷозатномадиҳӣ, такмил додани системаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон, риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва мониторинг эълон менамоем.Намунаи ибрат бошем
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020 барои муайян намудани беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи миллии манзаравӣ этнографӣ дар шаҳри Душанбе озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи миллии манзаравию (ландшафтӣ) этнографӣ дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад. Масоҳати умумии боғи таҳияшаванда 179,0 гектар буда, аз он ҳудуди мавҷудаи «Боғи миллӣ» 91,3 гектар, маҳаллаи истиқоматии «Зафар»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 19,75 гектар ва қисмати шарқии деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рудакӣ бо заминҳои кишоварзиаш 67,95 гектарро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳои довталабон барои иштирок дар озмун то 15 феврали соли 2021 ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бо қайди «Барои озмун» пешниҳод карда шавад.
-Кумита ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 қабул гардидааст, бо мақсади муайян намудани беҳтарин муҳити дастрас байни иншооти ба стандартҳои дастрасӣ ҷавобгӯ барои қонеъ намудани талаботи шахсони дорои маъюбият озмун баргузор менамояд. Бо фармоиши Раиси Кумита аз 3 августи соли 2020 Низомнома ва ҳайати комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмун тасдиқ карда шуд.
Мақсади баргузории озмун баланд бардоштани муҳити дастрасии бино ва иншоот ба шахсони имконияташон маҳдуд, ҷалб намудани диққати роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва ҷамъият ба масъалаҳои муҳити дастрас ва ташаккули рӯҳияи таҳаммулпазирӣ дар байни шаҳрвандон нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.
Дар озмун мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва фармоишгарони фаъолияти шаҳрсозӣ иштирок карда метавонанд.
Довталабон дархости иштирок дар озмун ва дигар маводҳои заруриро то санаи 1 ноябри соли 2020 тибқи замимаҳои дар низомномаи озмун овардашуда ба Кумита ирсол намоянд.
Ба иттилои Раиси Кумита бо қарори ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2021 “Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” эълон гардидааст.
Бо ин мақсад, тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Шӯрои байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузории озмунҳо, намоишҳои байналмилалӣ ва конфронсҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ банақша гирифта шудааст.
Моҳҳои январ-сентябри соли 2020 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 7 миллиарду 616 миллиону 200 ҳазор сомонӣ истифода шудааст.
Ҳамчунин дар ин муддат ба масоҳати умумии 712 ҳазору 100 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Моҳҳои январ-сентябри соли 2020 фондҳои асосӣ ба маблағи 2 миллиарду 42 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 6 миллиарду 481 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил дод.
Дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 8096 ҷойи талаба, дармонгоҳ барои 255 қабул дар як баст, беморхона барои 236 кат ва муассисаҳои томактабӣ барои 520 ҷой ба истифода дода шуданд.
- Корҳои сохтмонию ободонӣ дар иншоотҳое, ки ба истифода додани онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд зери назорати мутахассисон қарор дошта, дар асоси санҷишҳои дар ин самт гузаронидашуда дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ охири ҳар моҳ маълумоти муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда истодааст.
Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 11 октябри соли 2020 рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тақвияти ҳамгироии иҷтимоӣ дар ҷомеа ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон мусоидати комил менамояд.
Намунаи ибрат бошем
Дар маркази Барномаи интихоботии номзади арзандаи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам манфиатҳои олию ниёзҳои ҳаётии мардуми Тоҷикистон, яъне ватандорӣ, истиқлол, ваҳдат, субот, рушд, ободонӣ, зиндагии шоиста, илму маърифат ва эҳёи миллӣ қарор доранд.
Аз ин рӯ, мо кормандони соҳаи сохтмон ва меъморӣ Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, санаи 11 октябр дар маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, якдилона ба тарафдории номзади арзанда аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳем ва барои ободиву пешрафт, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, ояндаи неки Тоҷикистони азиз мавқеи худро муайян менамоем ва бо камоли боварӣ таъкид менамоем, ки имрӯз ҷонибдорӣ аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маънои ҷонибдорӣ аз шукӯҳу ифтихори миллӣ, ҷонибдорӣ аз ваҳдати миллӣ ва суботи устувори ҷомеа, ҷонибдорӣ аз сиёсати созандагию ободкорӣ ва ҷонибдорӣ аз ояндаи боэътимоди давлат мебошад.
Аҳмадзод Ҷ.Ҷ. аз номи аҳли толор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонид, ки мо - кормандони соҳаи сохтмону меъморӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои лоиҳакашӣ, таъмини назорати давлатии сифати корҳои сохтмонӣ ва ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ҷавобгӯ будани онҳо, вусъат бахшидан ба фаъолияти биносозӣ ва ободу зебо кардани Ватани азизамон дастуру супоришҳои Сарвари давлатамонро сармашқи кори худ қарор дода, ба комёбиҳои боз ҳам бештар ноил мегардем.
Баъд аз суханронии Раиси Кумита ҳисоботҳои роҳбарони ташкилотҳо: сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ Абдураҳимзода Н.С., сардори Раёсати экспертизаи давлатӣ Саъдуллозода С.Ф., директори ҶСК «Шаҳрофар» Ишанов Б.М., директори ҶСК «Корезлоиҳа» Худойдодзода Н.Х. ва директори КВД ПИТ «Сохтмон ва меъморӣ» Умаров У.Х. шунида шуданд.
Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома дар бораи ҳолати омодагии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ҳисоботи муовини Раиси кумита шунида шуд ва лоиҳаи қарор қабул карда шуд.
Сипас, сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Раҳмоналӣ суханронӣ намуда, таклифу пешниҳодҳои худро ироа намуд.
Бо Фармоиши Раиси Кумита мутахассисони соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ, ки бо фаъолияти пурмаҳсулу самаранок дар густариш ва рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон саҳми босазо гузоштаанд, ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон ва Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар анҷоми маҷлиси васеи ҳайати мушовара Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистолн Аҳмадзод Ҷмшед Ҷалол изҳори боварӣ намуд, ки сохтмончиёну меъморони ҷумҳурӣ дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамчун барномаи амал қарор дода, фаъолияти мақсадноки худро дар пешрафти соҳа аз рӯи чорабиниҳои тасдиқгардида равона менамоянд ва бо дарки масъулият ба ояндаи кишвар фаъолият бурда, дастуру супоришҳоро дар амал татбиқ намуда, барои иҷрои вазифаҳои дар Паём гузошташуда кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Зеро ҳар яки мо бояд дар ҳамаи корҳои ободониву созандагӣ пешсаф, ташаббускор ва намунаи ибрат бошем.
Хабарнигори “РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво