Имрӯз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид!
402
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) интихоботро баргузоршуда арзёбӣ намуд. Бино ба маълумоти КМИР, то соати 15:00 дар саросари мамлакат З миллиону 495 ҳазору 215 нафар ё 70,71% интихобкунандагон дар интихобот иштирок карданд. Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.
Натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 24 соат пас аз ба анҷом расидани маъракаи овоздиҳӣ, натиҷаҳои ниҳоӣ бошанд – на дертар аз ду ҳафта баъди интихобот эълон карда мешаванд. Хабанигорони АМИТ «Ховар» ҷараёни овоздиҳии шаҳрвандони мамлакатро на танҳо бевосита дар участкаҳои интихоботӣ, балки аз рӯи аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шуданд, мушоҳида намуданд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |