Дар Ҳисор 375 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
344
Аз 767 иншооти ҷашние, ки ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бунёд мегарданд, то имрӯз беш аз 375 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Аз мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавию ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳри Ҳисор бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ дар ободонии маҳалли зисти худ саҳми шоиста мегузоранд. Ин аст, ки бо мақсади рушди деҳот дар маҳаллаву деҳаҳо бунёди корхонаву муассисаҳои таълимию табобатӣ, иншооти таъминкунандаи ниёзҳои иҷтимоии аҳолӣ ва таъмиру роҳу пулҳо ба нақша гирифта шудааст. Сокинони шаҳр, хусусан соҳибкорони маҳаллӣ азм доранд, ки дар ободонӣ ва хуррам гардонидани деҳоту маҳаллаҳои шаҳр нақши бориз гузоранд. Раванди корҳои бунёкорию созандагӣ дар партави омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолест, ки бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Навобод ва Мирзо Ризо иншооти ҷашнӣ, аз қабили бунгоҳҳи саломатӣ, толори варзишӣ, сехи дӯзандагӣ, мағозаи хӯрокворӣ, сехи қаннодӣ, утоқи кори раиси маҳалла, дарвозаи деҳа ва чанд иншооти дигар мавриди истифода қарор гирифтаанд ва раиси шаҳр ба соҳибкорону сокинони бунёдкори ин маҳаллаҳо барои чунин амалҳои нек ва созандагию бунёдкорӣ арзи сипос намуд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |