25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ёвон бо дарозии 64 метр ва иқтидори 80 тонна пули дорои аҳамияти стратегӣ ба истифода дода мешавад

243
Рӯзҳои наздик дар ноҳияи Ёвон пули дорои аҳамияти стратегӣ бо дарозии 64 метр, паҳноии 19 метр ва иқтидори борбардории 80 тонна баробари мумфарш гардидани болои он ба истифода дода мешавад. Корҳои сохтмонии пули мазкур имрӯз дар ҳаҷми беш аз 90 дарсад бо сифати баланд иҷро гардида, бетонпӯш намудани қабати болоии он идома дорад. Хароҷоти иншооти мазкур бо дарназардошти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ зиёда аз 23 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки он аз ҷониби фармоишгар- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони бонангу номуси диёр пардохт гардида истодааст.

Тавре масъулини шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, иншооти мазкур ба шарафи ҷашни миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода бо ҷараёни барқарорсозии пули калонҳаҷми назди бозори марказии шаҳраки Ёвон, ки кӯчаҳои Р.Раҷабов ва Ҷомиро бо ҳам мепайвандад, шинос шуд. Маълумот дода шуд, ки ин пули азим соли 1989 бунёд гардида, дар натиҷаи омадани сели шадид баҳори соли 2013 пурра аз байн рафт.

Бо барқарор шудани ин пули азим як гӯшаи маркази ноҳия Ёвон ободу зебо хоҳад гашт. Паймонкори иншоот ҶДММ «Наврӯз» бо роҳбарии меъмори шинохта Азиз Усмонов корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба сомон расонида истодаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво