4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Парки миллии мамлакат, воқеъ дар ноҳияи Сангвор 102 иншоот бунёд мешаванд

241
Дар Парки миллии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Сангвори водии Рашт то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода додани 102 иншооти хурду миёна, аз ҷумла меҳмонхонаҳои замонавӣ, осоишгоҳи табобатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, биноҳои маъмурӣ ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ ба нақша гирифта шуда, то ба ҳол зиёда аз 53 иншоот мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Парки миллии Тоҷикистон дар Сангвор 306,6 ҳазор гектарро фаро гирифта, дар он барои сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити хуб муҳайёст. Вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ корҳои созандагӣ ва ободкорӣ дар инҷо хуб ба роҳ монда шудаанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати самимонаи сокинон шаҳру деҳоти мамлакат ба гулистони ҳақиқӣ табдил ёфта истодаанд.

Дар ноҳияи Сангвор низ ин равандро хуб дарк кардаанд ва мароми мардум танҳо бунёдкориву созандагист. Масъулини ноҳия бо боварии комил мегӯянд, ки ояндаи наздик Сангвор ба қатори ноҳияҳои пешрафтаи мамлакат ворид хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Сангвор яке аз минтақаҳои зеботарини мамлакат буда, диққати ҳар бинандаро бо манзараҳои ҷолиб ва ёдгориҳои таърихӣ ба худ ҷалб менамояд. Иқлим, табиат, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффофи диёр барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошанд. Рушди сайёҳӣ метавонад ба пешрафти иқтисодиёти ноҳия ва таъмини шумораи зиёди сокинони он бо ҷои кор мусоидат кунад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво