7 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Бо Пешвои миллат Тоҷикистон ба пеш!»

317
«Бо Пешвои миллат Тоҷикистон ба пеш!» Таҳти чунин шиор рӯзи 6 октябри соли 2020 дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони Кумита вобаста ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамоиши ҷавонони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иқдоми саривақтӣ, балки хеле муҳим мебошад. Зеро дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бевосита таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, соҳаи сохтмон низ ба рушди устувор ва дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 октябри соли 2020 рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Ҳамин аст, ки имрӯз чи дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пашбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

«Бо Пешвои миллат Тоҷикистон ба пеш!» Ҷавонон чун нерӯи бузург дар рушду пешрафти ҷомеа нақши бағоят бузург доранд. аз ин ҷост, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо чун насли ояндасози миллат аҳамияти хоса медиҳад. Воқеан ҳам ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда, симо ва ояндаи миллат мебошанд. Мояи ифтихору сарфарозии ҷавонон аст, ки имрӯз нисбат ба онҳо таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад. Муносибати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо намоянд.

Дар ҳамоиши ҷавонон муовини раиси Ташкилоти ибтидоии “Сохтмончӣ” Абубакр Сафарзода доир ба нуқтаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Ашурова Дилрабо низ доир ба иштироки фаъолона дар интихобот ва раъй додан ба тарафдории номзади арзанда барои рушди босуботу ҷомеаи ободи кишвар баромад намуд.

«Бо Пешвои миллат Тоҷикистон ба пеш!» Сипас, ҷавонони Кумита, Абдиев Меҳроҷидин ва Ғиёсов Меҳрубон баромад намуданд.

Кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, санаи 11 октябр дар маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба тарафдории номзади арзанда аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якдилона овоз дода, барои ободиву пешрафт, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ, ояндаи неки Тоҷикистони азиз мавқеи худро муайян менамоянд.

Мухбири “РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво