6 октябр 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Панҷакенти бостонӣ имкон дорад дар як сол то 200 ҳазор сайёҳ қабул намояд,- бардошт аз ҳамоиши ҷумҳуриявӣ

677
Панҷакент яке аз аввалин шаҳри Тоҷикистон аст, ки ба низоми ҷаҳонии Booking.com ворид карда шуд. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, соли 2019 72 ҳазору 736 нафар сайёҳ аз шаҳри Панҷакент дидан намуд. Аз ин шумора 34 ҳазору 28 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, ки аз шумораи умумии сайёҳони хориҷии ташрифоварда ҳамагӣ 2,8 фоизашро ташкил медиҳад. Бо назардошти шароити мавҷуда шаҳри Панҷакент солона имкони қабули то 200 ҳазор сайёҳи хориҷиро дорад.

Ин матлаб зимни баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Панҷакент-шиносномаи сайёҳии Тоҷикистон», ки имрӯз дар шаҳри бостонии Панҷакент доир шуд, баён гардид.

Тавре котиби матбуоти Кумитаи рушди сайёҳӣ Абдукарим Қурбонов ба АМИТ «Ховар» аз шаҳри Панҷакент иттилоъ дод, ҳамоишро Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии шаҳри Панҷакент, хосса Саразми бостонӣ ҳамчун шиносномаи сайёҳии Тоҷикистон баргузор намуд.

«Дар ҳамоиш роҳбарони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, намояндаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, Шуъбаи милитсияи сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва сардорони воҳидҳои сохтори сайёҳии маҳаллӣ, гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ҳузур доштанд», -афзуд манбаъ.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ намудани таъриху тамаддун, расму оин, ҷашну маросим, анъанаҳои миллӣ ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи сайёҳӣ соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар идомаи ин ташаббус солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Дар доираи ин иқдоми бузург ва бо мақсади ҳифзи хотираи таърихии миллат бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат моҳи сентябри соли равон ҷашни 5500 — солагии Саразми бостонӣ таҷлил гардид, ки шаҳодати шаҳрофарию тамаддунофарии миллати куҳанбунёд ва қадимӣ будани сарзамини тоҷикон мебошад. Шаҳри бостонии Панҷакент барои рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва этнографӣ, инчунин сайёҳии экологӣ мусоид буда, мавҷудияти яке аз маконҳои таърихӣ — шаҳри қадимаи Саразм, ки ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст, диққати сайёҳонро ба худ бештар ҷалб менамояд. Дар ҳудуди шаҳри қадимаи Панҷакент беш аз 350 ёдгории таърихӣ, манзараҳои нотакрори табиӣ, мавзеъҳои истироҳатию фароғатӣ, ба монанди Кӯли Калон ва Ҳафткӯл мавҷуданд, ки бо диданашон дар хотироти сайёҳон то дер нақш мебанданд.

Дар ин минтақа сайёҳони хориҷӣ бештар ба хатсайрҳои кӯҳӣ таваҷҷуҳ менамоянд. Барои ин гурӯҳҳо дар мавзеъҳои машҳур – Ҳафткӯл ва Кӯли Калон пойгоҳҳои пазироии сайёҳон бо ҳама шароити созгор ташкил шуда, ҳоло бунёди нуқтаҳои қабули сайёҳон дар хатсайрҳои кӯҳӣ бомаром идома дорад. Бо дастгирии Кумита бо мақсади пешниҳоди хизматрасонии муносиб ва рақобати солим миёни субъектони хизматрасон ба 22 ширкат иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шудааст. Ҳамзамон 1 ташкилоти ҷамъиятӣ бо номи «Шӯрои туризми Зарафшон», 14 меҳмонхона (бо 493 кати хоб), 22 хонаи меҳмонқабулкунӣ дар шаҳру деҳот, пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии Артуч, пойгоҳи сайёҳии «Марғзор», воқеъ дар соҳили шашум, кӯли «Марғзор»-и силсилакӯҳҳои Ҳафткӯл ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.

Яке аз масъалаҳои муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ таъмини мутахассисони болаёқат дар иншооти қабулу хизматрасонӣ маҳсуб меёбад. Айни замон дар вилояти Суғд Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент мутахассисони соҳа омода месозанд.

Тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ, ташкил ва гузаронидани курсҳои бозомӯзии кадрҳои хизматрасон, таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатии соҳаи сайёҳӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва бозори (меҳнати) сайёҳии мамлакат яке аз ҳадафҳои олии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маҳсуб меёбад.

Тибқи барномаи ҳамоиш, оид ба муаррифии зарфияти сайёҳии минтақа раиси шаҳри Панҷакент, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳо, Котиби Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, Ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, директори МД Пойгоҳи таърихию фарҳангии Саразм маърӯза намуданд.

Дар охир аз кори ҳамоиш натиҷагирӣ карда шуда, изҳорот қабул гардид. Сипас, меҳмонон ба маконҳои ҷолиби шаҳри Панҷакент рафта, бо имконоти қабулу хизматрасониҳои сайёҳии минтақа аз наздик шинос гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво