20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сахидод Раҳматуллозода: «Яке аз арзишҳои миллие, ки дар давраи истиқлоли давлатӣ бо он менозем – ин забони тоҷикии мост»

266
Офтоби бахти хонаи миллате пурнур аст, ки истиқлоли комили давлатӣ дорад ва ин миллат тақдирашро бо дастони худаш менависад. Ин бахт насиби тоҷикон низ будааст, ки дар ҳамаи соҳаҳо истиқлоли комил ёфт ва имрӯз бо дастовардҳои ин давра хушҳолӣ менамояд. Яке аз арзишҳои миллие, ки дар давраи истиқлоли давлатӣ бо он менозем – ин забони тоҷикии мост. Ин матлабро муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Сахидод РАҲМАТУЛЛОЗОДА ба хабрнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд.

Ба андешаи олими тоҷик, замони истиқлол ба забони тоҷикӣ болу пари тоза дода, барои рушду такомул ва равнақу ривоҷ дар ҳамаи соҳаҳо имконоти фаровон эҳдо намуд ва бешубҳа, давлату сиёсати давлатӣ дар ин ҷода на танҳо мусоидат, балки тамоми имконоти мавҷударо фароҳам оварда, ҳамкориро барои пешрафти он дареғ надошт. Барои рушди забони тоҷикӣ заминаҳои ҳуқуқӣ ва лингвистӣ мусоидат мекунанд. Мутобиқи моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар моддаи 3 муқаррар шудааст, ки «забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад».

Дар баробари ин, такягоҳи дигари забони давлатии имрӯзаамонро профессор Раҳматуллозода адабиёти давраи классикӣ бо доштани хазинаи бузурги луғавӣ ва шеваҳои забони тоҷикӣ бо имконоти забони зиндаи мардумӣ ном бурд, ки онҳо ҳамчун чашмаи хушкнашаванда ба забони адабии меъёр об медиҳанд.

«Забони тоҷикӣ ба унвони забони меъёрии мамлакат мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳама соҳаҳои умури сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа мавриди истифода қарор дорад. Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва омили муҳими пойдории миллат, чун рукни давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя шуда, сиёсати давлат дар бораи забон ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ мебошад», -гуфт номбурда.

Забоншиноси тоҷик зикр кард, ки забони тоҷикӣ дар давраи нави муносибатҳои иҷтимоӣ ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ, рушди ҳамешагии соҳоти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ мақоми муҳим дорад. Яъне, забони тоҷикӣ дар рушди давлат ва давлатдории навин хизмат карда, ба унвони воситаи асосии муносибатҳои дохилию берунӣ фаъол аст. Бояд хотиррасон намуд, ки забони тоҷикӣ дар саргаҳи давлатдориҳои миллати тоҷик аз қадим ба унвони забони асосии давлатдорӣ хизмат карда омадааст.

Забоне метавонад забони давлатдорӣ бошад, ки дар он забони истилоҳоти гуногуни соҳавӣ ташаккул ёфта бошад ва барои баёни афкори сиёсӣ, иқтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра имконоти васеи луғавӣ дошта бошад. Ҳамин асолат ва бори гарони таърих ба дӯши забони тоҷикӣ дар замони давлатдориҳои шоҳаншоҳиҳои бузург, аз қабили империяҳои Ҳахоманишиҳо, Сосониён, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Чағониён, Чингизиён, Темуриён, Манғитиён ва ғ. будааст, ки ин масъулиятро бо муваффақият ва бо сари баланд иҷро карда, чун оина тамоми воқеаҳои дар ин давлатдориҳо гузаштаро мунъакис кардааст.

Ҳамаи ҳодисаҳои ба сари забони тоҷикӣ омада боиси мустаҳкам шудани пояҳои луғавӣ ва грамматикии он шудаанд. Агар ба таърихи ташаккули таркиби луғавии ин забон назар афканем, мебинем, ки дар он қабатҳои гуногуни луғавӣ ташаккул ёфтаанд, ки ниёзҳои забонии давлатдориро таъмин карда метавонанд. Ин забонест, ки аз қадим то имрӯз дар баробари хидмат дар корҳои давлатдорӣ, девондорӣ, идорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ дар тарбияи маънавии наслҳо дар тӯли ҳазорсолаҳо нақши бузург бозидааст.

Шоҳкориҳои илмию адабии бо ин забон офаридашуда дар маданияти башарӣ назир надоранд. Борҳо аз онҳо ёд кардаем, вале боз ҳам бояд ёд кунем, зеро дар давраи нави тараққиёти давлатдориамон барои тарбияи маънавии насли наврас аҳамияти фавқулода муҳим доранд. Ҳар садсола дар майдони шеъру адаби миллати мо беш аз сад адиб қувваозмоӣ кардаанд, аммо ин ҷо осори беназири давраҳои бостон ва асримиёнагиамонро дар назар дорем, ки то имрӯз чун театри хонаводагӣ миллати моро таълиму тарбия кардаанд. Дар ин ҷо чанде аз онҳоро номбар менамоям, ки назир надоранд, аз қабили китоби муқаддаси “Авасто”, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Маснавӣ”-и Мавлонои Балхӣ, “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Саъдӣ, “Баҳористон”-и Ҷомӣ, осори безаволи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ғазалиёти Ҳофиз, Мирзо Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мӯъмин Қаноат ва садҳо нафари дигар, ки дар равнақи забони тоҷикӣ ва ташаккули миллати тоҷик саҳм гузоштаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 5 октябри соли 2010 иброз дошта буданд: «Шояд дар ҷаҳон халқият ва ё қавмеро камтар метавон пайдо кард, ки забони имрӯзаи он ба забони беш аз ҳазору дусадсолааш чунин пайвастагии наздик дошта бошад. Мо забони Рӯдакӣ ва Фирдавсиро, ки аз он даврон то ба кунун дар ҷаҳон ҳамчун забони шеъру шоирӣ маъруф гардидааст, мисли забони имрӯзаи хеш мефаҳмем ва дарк мекунем. Бинобар ин, ҳамин забони ноби адабии классикии мо, ки дар аҳди Сомониён дар мақоми забони давлатӣ ташаккул ёфтааст, имрӯз низ дар замони давлатдории навин ҳамчун асоси забони адабии мо ба сифати забони давлатӣ қарор дорад. …Дар марҳилаи кунунии рушди робитаҳои густурдаи сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ ҷомеа ба чунин забони адабии дорои меъёрҳои устувор ва таркиби луғавии дар тӯли асрҳо шаклгирифта ва пойдор ниёз дорад, ки ин забон забони шево ва тавонои гузаштаи мост».

Дар ҳақиқат имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд. Бо ин забон садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагор ба ояндагон мерос гузоштаанд. То замоне, ки ин сарвати башарӣ боқист ва бовар дорем, ки дар оянда боз ҳам тавлид хоҳанд ёфт, забони тоҷикӣ рушд ва барои пешрафти давлатдории тоҷикон хизмат хоҳад кард.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво