7 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Исфара сохтмони аломати рамзии даромадгоҳи шаҳр оғоз шуд

318
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сохтмони аломати рамзии даромадгоҳи шаҳр оғоз шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъули сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов хабар дод.

Арзиши лоиҳавии иншооти мазкур 200 ҳазор сомониро ташкил дода, он тариқи ҳашари умумӣ сохта мешавад. Аломати рамзии даромадгоҳ ба шаҳри Исфара дар шаҳраки Нурафшон, дар чорраҳаи Исфара — Кӯчкак — Хуҷанд ва Исфара — Нурафшон -Конибодом аз масолеҳи оҳанӣ бунёд мешавад.

Тибқи лоиҳа, баландии иншоот 15 метрро ташкил дода, аз рамзи декоративии кураи Замин бо харитаи Тоҷикистон, ки қутраш ба 3 метр баробар аст, иборат мебошад. Худи иншоотро 8 унсури секунҷаи сутунмонанд ташкил намуда, дар баландии дуюним метр дар ҳалқаҳои оҳанин навиштаҷоти «Хуш омадед» ва «Роҳи сафед» бо ҳарфҳои зарҳалӣ насб карда мешаванд. Болотар аз навиштаҷоти мазкур панҷараи дорои нақшу нигори миллӣ насб мегардад, ки он бозгӯи ҳунари волои ҳунармандони Исфара мебошад.

Ҳамчунин чароғонкунии ороишии иншоот дар назар дошта шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво