Имрӯз дар Бозори «Меҳргон»-и Душанбе Фестивал-намоиши фурӯши асал, озмуни ангур ва дигар анвои меваҷот доир гардид
266
Имрӯз, 3 октябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал-намоиши фурӯши асал, озмуни ангур ва дигар анвои меваҷот доир гардид. Дар он кишоварзони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шурӯъ аз шаҳди ангур то гули асал ва дигар меваҷотро бо ороиши махсус пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд, ки ин ҳама бори дигар аз ватани меваҳои шаҳдбор будани Тоҷикистон гувоҳӣ медод.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ хабар медиҳад, дар Фестивал-намоиш ва фурӯш асали аз гиёҳҳои шифобахш ҳосилшуда, шириниҳои аз асал омодагардида, асбобу лавозимоти парвариши занбӯр, ки тарзи ба даст овардани ҳосили асалро нишон медиҳанд, борҷомаҳо бо навъҳои гуногуни асали тоҷикӣ ба тамошо ва фурӯш гузошта шуда буданд. Асали тоза дар ин макон бо нархи назар ба бозор 30 фоиз арзонтар пешниҳоди харидорон гардид. Инчунин дар ин намоиш-фурӯш навъҳои гуногуни меваи ангур, шарбат ва тарзи хушкшудаи он, инчунин зиёда аз 200 намуди ангур, аз ҷумла навъҳои «кишмиши сиёҳ», «ҳусайнии сурху сафед», «чиллагӣ», «шоҳона», «ангушти хонум», «ғалаба» ва ғайра ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд. Кишоварзон дар баробари пешниҳоди навъҳои гуногуни ангур дастурхони бо меваи ангур маҳсулоти аз он омодашударо ороста, ба тамошо гузоштанд. Дар Фестивал-намоиш муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, Вазири фарҳанги мамлкат Зулфия Давлатзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода ва дигар намояндагони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд. Фестивал-намоиши мазкурро муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории фестивал дар Тоҷикистон тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши асал, ангур, дигар анвои меваҷот, инчунин баҳрабардорӣ аз таҷрибаи хуби деҳқонони тоҷик мебошад. Сипас аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат деҳқонони фаъол аз рӯи бахшҳо бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои молию пулӣ қарддонӣ шуданд. Мавриди зикр аст, ки иду ҷашн ва фестивалҳои ангур ҳар сол дар бисёр кишварҳои олам, мисли ИМА, Канада, Италия, Чехия, Чин, Россия, Гурҷистон, Озарбойҷон, Эрон, Германия, Исроил, Кипр, Арманистон, Молдова, Руминия, Португалия ва ғайра доир карда мешаванд. Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ангур ва дигар меваҷот то 30 сентябр 179 066 тоннаро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1963 тонна зиёд мебошад. Имрӯзҳо ҷамъоварии ангур бо маром идома дошта, кишоварзони мамлакат то кунун 45 912 тонна аз ин меваи шаҳдбор ҷамъоварӣ намудаанд, ки 9923 тоннаи он ба вилояти Суғд, 21411 тонна ба вилояти Хатлон ва 14578 тонна ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ рост меояд. Тибқи маълумоти оморӣ, то 30 сентябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 232 146 оилаи занбӯри асал (103,3%) мавҷуд буда, дар ин давра 1886,3 тонна (100,1%) асал истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи оилаҳои занбӯри асал 7521 адад ва истеҳсоли 1, 8 тонна зиёд мебошад. Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Корхонаи ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарвар «Тоҷикниҳолпарвар» Асомиддин Назарзода иброз дошт, ки ангурпарварӣ соҳае мебошад, ки барои пур кардани дастурхони деҳқонон, боло бардоштани иқтисодиёти мамлакат соҳаи хеле манфиатбахш ба ҳисоб меравад. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 38 ҳазор боғу токзор мавҷуд мебошанд, ки 30 ҳазораш боғҳои ҳосилдеҳро дар бар мегирад. Мавсуф зикр намуд, ки дар корхонаи «Тоҷикниҳолпарвар» 2-юмин соҳаи афзалиятбахше, ки баъд аз ниҳолпарварӣ бо он сару кор мегиранд, ин боғу токпарварӣ мебошад. Махсусан, дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии Искичи Ҳисор, хоҷагии ниҳолпарварии ба номи Турсунзодаи Шаҳринав миқдори боғҳои «Тоҷикниҳолпарвар» мутаносибан ба 60 гектар ва 250 гектар расидааст, ки ҳамасола ҳосили миёнаи умумии деҳқонон аз 30 то ба 60 сентнерӣ мерасад. Бояд тазаккур дод, ки ангур яке аз неъматҳои бебаҳои табиат ва аз замонҳои қадим меваи маъмул дар сарзамини мост. Тоҷикистонро беасос сарзамини биҳиштӣ наменоманд, донишмандон мегӯянд дар диёри мо беш 200 навъи ангур маълум аст. Бинобар тавсияи табибон, дар таркиби ангур канд, туршӣ, витаминҳои А, С, В, моддаҳои пектинӣ, намакҳои минералии калий, калсий, магний, фосфор, оҳан, манган мавҷуданд. Бино ба ақидаи табибон, афшураи ангур мубодилаи моддаҳоро дар организм беҳтар ва гемоглобини хунро зиёд карда, ба системаи асаб ва мушакҳо тақвият мебахшад. 1 литр афшураи ангур ба организми одам аз 700 то 1000 калория гармӣ медиҳад. Бино ба маълумоти Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ, ангур хунро зиёд, ҳолати узвҳои нафас ва шушро беҳтар, ҷисмро фарбеҳ мекунад. Табибони халқӣ шираи ғӯраи ангур, инчунин навъҳои турши онро чун воситаи иштиҳоовар ва ҳозим ба кор мебаранд. Зикр гардид, ки асал яке аз маҳсулоти табиии ғизоӣ ва воситаи беҳтарини табобатиест, ки ҳазорсолаҳо инҷониб мавриди истифодаи башарият қарор гирифтааст. Ҳанӯз зиёда аз ҳазор сол пеш пири ҳакимони машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино дар китоби «Қонуни тиб» асалро дар қатори дигар маводи табобатӣ зикр намуда, чунин гуфта буд: «Беҳтарин ангубин он аст, ки ба ростӣ ширин ва хушбӯй бошад, ба тезию сурхӣ бигарояд, сахт буда, начандон тунуку часпак бошад, ки бурида нагиранд. Ангубин зудоянда буда, даҳони рагҳоро бикшояд, рутубатҳоро аз қаъри тан бикашад». Пешрафти соҳаи тиб нишон дод, ки дар қатори асал прополис, шири модаршоҳ ва гарди заҳри занбӯри асал низ давои беҳтарин барои бемориҳои гуногун мебошад. Имрӯзҳо дар кишварҳои пешрафтаи олам бо усули занбӯршифоӣ, яъне бо роҳи занбӯргазонӣ табобат намудани беморон васеъ мавриди истифода аст. Мувофиқи тадқиқот, 70 фоизи дарозумрони дунёро занбӯрпарварон ташкил медиҳанд. Истеъмоли асал ва маҳсулоти занбӯр сабаби дарозумрии онҳо гардидааст. Меъёри шабонарӯзии истеъмоли асал барои калонсолон 120-150 грамм, барои бачаҳо 30-50 грамм мебошад. Истеъмоли аз меъёр зиёди асал хосияти табобатӣ надошта, танҳо ба кас қувват мебахшад. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки асал бояд дар зарфҳои шишагӣ, чӯбӣ, сирдор ва сафолӣ нигоҳ дошта шавад. Инчунин зарфи асал бояд аз сабзавот, маҳсулоти нафтӣ, гиёҳҳои бӯйнок дуртар гузошта шавад. Зарфи асалдорро дар ҷои хушки барои пашша, мӯрча ва занбӯр дастнорас гузоштан лозим аст. Асалро дар равшании барқ, шуои офтоб, ба болои оташ гузоштан ва дар оби ҷӯшидаистода омехтан мумкин нест. Фирӯзаи ДАВЛАТ, Мақсуд МУҲИДДИНҶОН, АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |