4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 50 нафар ятими кулл дар ноҳияи Рӯдакӣ туҳфа тақдим намуданд

273
1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази хизматрасонии «Саманд» бо 50 нафар ятими кулли ноҳияи Рӯдакӣ мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои моддию пулӣ тақдим намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст кӯдаконро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум монда, таҳти дастгириву таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, бо 29-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.

Шодии кӯдакону наврасонро дар ин рӯз ҳадду канор набуд, зеро онҳо бевосита аз дасти Пешвои муаззами хеш туҳфаҳо гирифтанд ва суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар маҷмӯъ 2569 нафар кӯдакони ятим ба қайд гирифта шудаанд, ки 103 нафараш ятими кулл мебошад ва зери ғамхориҳои бевоситаи Сарвари дурандешу ятимпарвари мамлакат қарор доранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи беҳтар намудани шароит ва имконоти дастрасии ятимон ба таҳсилу зиндагии арзандаро зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор додааст ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар боздиди кории худ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ятимон мулоқот анҷом дода, ба масъулон ҷиҳати беҳтар намудани шароити зисту таълим ва вазъи моддиву техникии таълимгоҳҳои онҳо дастуру супоришҳо медиҳанд.

Бо дарназардошти он ки рушду пешрафти Ватани азиз бевосита ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор ва донишманд вобаста аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро ба омӯзиши илмҳои муосир, касбу ҳунар ва азхуд кардани техникаву технологияи навин ҳидоят намуданд.

Давоми 29-соли Истиқлоли давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва буду боши ятимон дар мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва бо ҷойи кор таъмин шудани ин қишри ҷомеа корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.

Кӯдакон зимни баромад миннатдории самимии хешро ба роҳбарони давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва сол аз сол беҳтар намудани шароити зиндагии ин табақаи ниёзманди ҷомеа баён дошта, қавл доданд, ки касбу ҳунарҳои муосирро меомӯзанд ва бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми назаррас мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази хизматрасонии “Саманд”, ки мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон дар он баргузор шуд, дар доираи тадбирҳои созандагӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ навсозӣ гардида, атрофи иншоот чароғон карда шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво