18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. 30 сентябр ба зодрӯзи коргардони маъруфти тоҷик Борис Кимёгаров 100 сол пур шуд

355
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. 30 сентябр ба зодрӯзи коргардони маъруфти тоҷик Борис Кимёгаров 100 сол пур шуд
30 сентябр ба зодрӯзи поягузори жанри таърихӣ ва эпикии кинои тоҷик, таҳиягари бузурги кинои асри XX, Ҳунарпешаи халқии РСС Тоҷикистон, барандаи Мукофоти давлатии СССР, коргардони маъруф Борис Кимёгаров 100 сол пур мешавад.

Хизмати ин марди бузург дар инкишофи санъати кинои миллӣ, тарбияи шогирдон ва таҳияи асарҳои барҷастаи кино бағоят калон аст. Давраи дуввуми эҳёи филмҳои бадеии тоҷикӣ бо номи ин марди наҷиб алоқаманд аст.

Соли 1956 вай аз рӯйи романи устод Айнӣ филми ҳунарии “Дохунда” – ро таҷассуми экран намуд ва ба эҳёи дубораи кинои тоҷик асос гузошт. Минбаъд ин таҳиягари бедордил филмҳои ҳунарии “Вазифаи олӣ”, “Қисмати шоир”, “Ливои оҳангар”, “Оромӣ намешавад”, “Замони осоишта”, “Ҳасани аробакаш”, “Бо амри дил”, “Инсон пӯсташро иваз мекунад” ва ғайраҳо таҳия намудааст. Аз рӯи қиссаҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар маҷмӯъ дар фосилаи солҳои 1961 то 1976 Борис Кимёгаров чор филми бадеӣ — “Ливои оҳангар”, “Достони Рустам”, “Рустам ва Сӯҳроб” ва “Достони Сиёвуш” бардоштааст, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон чун инқилобе дар санъати филмсозии Тоҷикистони шӯравӣ арзёбӣ гардид.

Тавассути филмҳояш, бахусус филми ҳуҷҷатии пурраметражи “Тоҷикистон”, ки соли 1946 дар Кинофестивали байналмилалии Венетсия сазовори медали биринҷӣ ва Дипломи фахрӣ, филми мустанади ранга – “Тоҷикистони Советӣ”, ки соли 1952 сазовори Ҷоизаи давлатии СССР, филми ҳунарии “Қисмати шоир”- соли 1960 дар Кинофестивали II байналмилалии Осиё ва Африқо дар шаҳри Қоҳира соҳиби ҷоизаи асосӣ – “Уқоби тиллоӣ” ва филмҳои ҳунарии “Рустам ва Сӯҳроб” соли 1972 дар Кинофестивали V умумииттифоқии шаҳри Тблиси бо Дипломи фахрии кинофестивал, филми ҳунарии “Достони Сиёвуш” соли 1977 дар Кинофестивали X умумииттифоқии шаҳри Рига бо Диплом қадр гардидаанд, сарзамини Тоҷикистон ва тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. 30 сентябр ба зодрӯзи коргардони маъруфти тоҷик Борис Кимёгаров 100 сол пур шуд
Журналист, муҳаққиқи кинои тоҷик Тиллои Некқадам ба хабарнигори АМИТ “Ховар” дар бораи суҳбаташ бо шодравон, киношиноси тоҷик Любов Қиёмова, ки дар бораи Борис Кимёгаров хотираҳои бою рангин дошт, нақл кард:

Любов Қиёмова ҳамкориашро бо ин коргардони бузург аз филми ҳунарии “Ливои оҳангар” оғоз карда, он то рӯзи вафоташ- 18 апрели соли 1979 идома ёфтааст. Офаридани ҳар филми наваш таърихи худро дорад. Любов Қиёмова аз филмҳои ҳунарӣ ва силсилафилмҳо аз рӯи достонҳои “Шоҳнома” ва “Ҳасани аробакаш” хотираҳои хеле зиёд доштааст.

Ба нақли Любов Қиёмова, Борис Кимёгаров бисёр мехост, ки дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Ҳаким Фирдавсӣ филми ҳунарӣ офарад. “Сенарияро Григорий Колтунов навишта буд ва мо рӯи он кор мекардем. Кимёгаров мехост, ки шоир Дақиқиро яке аз қаҳрамонҳои филми навамон кунем. Дар хусуси ҳаёти Дақиқӣ соатҳо баҳсу мунозира мекардем. Саҳнаҳо ва муҳити шоирро бо оташи фурӯзон тасвир карданӣ буд. Ҳатто бегоҳӣ ба хонаам занг зада, фикру ақидаҳоямро мепурсид. Ногоҳ ҳис кардам, ки гӯё пардаи балконам сӯхта истодааст.

Борис тариқи телефон ба ман занг зада гуфт, ки Люба, ба балкон баромада бин, филмотекаи киностудия сӯхта истодааст. Дар асл ҳам пардаи балкони хонаам не, балки хазинаи кинои тоҷик месӯхт. Азбаски балкони хонаам ба сӯи саҳни киностудияи “Тоҷикфилм” моил буд, гумон доштам, ки пардаи балкон сӯхта истодааст. Ин соли 1978 буд…”, — нақл кардааст Любов Қиёмова.
РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. 30 сентябр ба зодрӯзи коргардони маъруфти тоҷик Борис Кимёгаров 100 сол пур шуд

ДАР АКС: саҳнаи марги Сӯҳроб аз рӯи филми «Рустам ва Сӯҳроб». Дар акс коргардон Борис Кимёгаров ва ҳунарпешаҳо Ҳошим Гадоев ва Бимбулат Ватаев

Ба маълумоти Любов Қиёмова, бемории Борис Кимёгаровро ҳанӯз аз соли 1971, аз таҳияи филми ҳунарии “Рустам ва Сӯҳроб” пай бурданд, зеро дар вақти навори лаҳзаҳои алоҳидаи филм зуд хаста шуда, курсӣ талаб мекард ва дар курсӣ нишаста, навори саҳнаҳои алоҳидаи филмро давом медод. Ӯ диабети сахт дошт ва аз дарди дил низ шикоят мекард. Бар замми ҳамаи ин зани азизу вафодораш Анна Михайловна вафот карда, ӯро сахт рӯҳафтода намуд. Ниҳоят дар синни 59 дили пур аз орзуву ормони ин ҳунарманди нотакрор аз тапидан монд ва рӯҳаш бо рӯҳи Фирдавсӣ пайваст. Сенарияи “Достони Фирдавсӣ” рӯи экранро надида монд. Дигар Дақиқии шоирро низ дар чодари кино надиданд…

Чунин ҳунармандон, ба монанди Борис Кимёгаров дар садсолаҳо як бор ба дунё меоянд ва набояд аз хотирҳо фаромӯш шаванд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»,




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво