7 октябр 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи замонавии Хоҷагии деҳқонии «Отаҷон»-ро дар ноҳияи Рӯдакӣ ифтитоҳ намуданд

283
1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Отаҷон”-ро, ки сохтмони он соли 2017 оғоз гардида, имсол ба анҷом расонида шуд, ба истифода супурданд.

Гармхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Илҳом Отаҷонов дар масоҳати 0,40 гектар бунёд гардида, дар он 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шудааст.

Дар гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Отаҷон” сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла навъҳои серҳосили помидору бодиринг бо усулҳои муосир парвариш карда мешавад. Дар сурати муътадил гардидани ҳарорати дохилӣ болопӯш ва атрофи он кушода хоҳад шуд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни парвариши сабзавоти барвақтӣ ва фаъолияти аҳли заҳмат дар ин самт ба хоҷагидорон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили зиёд дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Таъкид гардид, ки кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ бо меҳнати пурмаҳсул дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоти барвақтӣ дар шароити гармхона ҳама фасли сол фаъолияти назаррас дошта, дар таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе бо сабзавоти тару тоза саҳми фаъол доранд.

Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии “Отаҷон” дар ин гармхонаи замонавӣ бо истифода аз имконоти мавҷуда оянда парвариши сабзавоти барвақтиро васеъ ба роҳ монда бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва ҳамкории зич бо олимону мутахассисон ҳосили фаровон ҳоханд гирифт.

Хоҷагии деҳқонии Отаҷон дар маҷмӯъ дорои 5 гектар замин буда, имсол дар 0,75 гектар гандум, 2,25 гектар сабзавот, 0,85 гектар карам, 0,80 гектар бодиринг, 0,30 гектар помидор, 0,35 гектар дигар номгӯи сабзавот ва 2 гектар полезӣ кишт намуда, ҳамарӯза маҳсулоти истеҳсолшударо ба бозорҳо ба фурӯш мебароранд.

Барои истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар 2,85 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ ва сабзавот гузаронида, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.

Кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ дар бунёди гармхонаҳо таҷрибаи ғанӣ дошта, фаъолияти онҳо дар ин самти хоҷагидорӣ густариш меёбад.

Дар ноҳия Рӯдакӣ айни ҳол дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ масоҳати гармхонаҳо 21 гектарро ташкил дода, ба нақша гирифта шудааст, ки оянда дар масоҳати 2 гектар гармхона бунёд карда шавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво