ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Соли 2019 шумораи сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон ташриф оварданд, аз марзи 1 миллион нафар убур кард
659
Ҳамасола 27 сентябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ таҷлил мегардад. Ин сана дар саросари ҷаҳон аз соли 1979 ҷашн гирифта шуда, ҳадафи он тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ байни кишварҳо ва халқиятҳои гуногуни олам мебошад. Дар робита ба ин мавзуъ сардори бахши муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназар ИМОМЗОДА дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт: — Бунёди роҳҳо, пулҳо, иншооти гуногуни хизматрасонӣ ва, аз ҳама муҳим, таъмини сулҳу амният дар ҳама манотиқи мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ сабаби бавуҷудоӣ ва рушди самти нав дар иқтисодиёт — соҳаи сайёҳӣ гардид. Барои таҳким бахшидани пояҳои ҳуқуқии соҳа ва шароит фароҳам овардан барои рушди сайёҳӣ соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» қабул шуд. Ҳамзамон барои равнақ додани соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани саҳми он дар иқтисодиёти мамлакат бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 Кумитаи кор бо ҷавонон ба Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ин тасмим имкон дод, то таваҷҷуҳ ба соҳаи сайёҳӣ боз ҳам бештар гардида, сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба роҳ монда шавад. Кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дастгирӣ ёфт ва соли 2007 дар ҷаласаи 17-уми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ гашт. Соли 2009 «Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019» қабул гардид, ки самтҳои асосии рушди сайёҳиро дар мамлакат барои 10 соли оянда муайян намуд. Консепсияи мазкур ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар хориҷи давлат ва роҳ ёфтан ба бозорҳои байналмилалии сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшид. Қабули Консепсияи рушди сайёҳӣ, барномаҳои давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ ва таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ барои афзоиши шумораи гардишгарон замина фароҳам овард. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон соли 2016 нисбат ба солҳои охир ду баробар зиёд гардида, ба 414 ҳазор нафар расид. Бо мақсади боз ҳам рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори алоҳидаи ваколатдори соҳаи сайёҳӣ – Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Таъсиси Кумитаи рушди сайёҳӣ барои сарзамини сайёҳӣ гаштани Тоҷикистон заминаи хубе ба вуҷуд овард. Дар соли аввали фаъолияти Кумита Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Стратегияи рушди сайёҳӣ ҳамчун ҳуҷҷати асосии рушди соҳа ҳадаф, вазифа ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳии мамлакатро барои давраи то соли 2030 муайян намуда, ба сифати унсури ташаккули нақшаҳо ва роҳнамои ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандон дар соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ нақши муассир дорад. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 барои рушди соҳаи соҳаи сайёҳӣ ва табдил ёфтани он ба яке аз ба самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат такони ҷиддӣ бахшид. Дар натиҷа, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд. Илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардиданд. Аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияти худ аз андоз аз фоида озод гардида, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Ин чораҳои ҳавасмандгардонӣ сабаби бунёди инфрасохтори зарурӣ дар тамоми минтқаҳо гардиданд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳошияи сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии сайёҳон мавриди истифода қарор мегиранд. Масалан, танҳо дар як моҳи охир зимни сафарҳои Сарвари давлат ба манотиқи мамлакат ду меҳмонхонаи муосир — «Чорчаман Хилс» дар ноҳияи Дарвоз ва «Саразм Плаза» дар шаҳри Панҷакент ба истифода дода шуданд, ки ин ҳам аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба соҳаи сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори он дарак медиҳад. Бо мақсади вусъат бахшидани иқдомҳои пешин, амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон, рушд додани соҳаи сайёҳӣ ва инкишофи инфрасохтори деҳот аз ҷониби Сарвари давлат солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил ёфтанд. Барои рақобатпазир шудани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, мутахассисони забондон ва донандаи фарҳангу таърих, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳа бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис ёфт. Ҳамзамон бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, муҳлати он то 60 рӯз дароз гардид. Илова бар ин, бо мақсади содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, низоми раводиди бисёркаратаи сесола ҷорӣ шуд. Соли 2019 дар Тоҷикистон аввалин маротиба Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор шуд. Дар кори Форум зиёда аз 400 нафар меҳмонон аз 25 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Форуми мазкур Тоҷикистонро ҳамчун давлати сайёҳӣ ба ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ҳамин иқдому имтиёзҳо ва чорабиниҳои сатҳи баланд сабаб шуданд, ки шумораи сайёҳони ба мамлакат ташрифоварда соли 2019 марзи 1 миллион нафарро гузашта, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 220 адад расид. Тоҷикистон сарзамини маҳбуб ва ҷолиби диққати дӯстдорони сайру саёҳати ҷаҳониён гашта, бо симои давлати амну осоишта дар замони соҳибистиқлолӣ дар минтақа беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардид ва дар раддабандиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавқеи намоён касб намуда истодааст. Аз ҷумла, маҷаллаи сайёҳии бритонии «Wanderlust» Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон кард, шабакаи иҷтимоии «Globe Spots» Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи давлатҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой дод. Нашри русии маҷаллаи маъруфи «National Geographic» шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намуд, нашрияи «The Independent» пойтахти мамлакат-шаҳри Душанберо ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф намуд. Ҳамзамон Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали давлатҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB» Берлин — 2018 маросими супоридани ҷоизаи «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2018» баргузор гардид. Минтақаи баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон ба ин садгона ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси ором ҷои аввалро сазовор шуд. Соли 2019 аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021» интихоб гардид. «Кохи Наврӯз»-и пойтахти Тоҷикистон ба сифати муъҷизаи муосир муаррифӣ гардида, ба қатори 8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуд. Дар назарсанҷии маҷаллаи байналмилалии бонуфузи «Lonely Planet» миёни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор гирифт. Ин назарсанҷиро «Lonely Planet» дар нашрияи солонаи худ вобаста ба 10 кишвари беҳтарини саёҳат, шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ, минтақаҳои беҳтарин ва арзишҳои беҳтарини саёҳат ва сафар арзёбӣ намудааст. Мавриди зикр аст, ки ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи олам эътироф ва пайравӣ гашта истодаанд. Аз ҷумла, иқдоми «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ бо ҳаммуаллифии 177 кишвар якдилона қабул гардид. Инчунин эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои баланди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ низ дастгирӣ ёфта, дар Анҷумани 23-юми Ассамблеяи генералии СУС дар шаҳри Санкт – Петербург соли 2020 Соли рушди сайёҳии деҳот эълон карда шуд. Имрӯзҳо Тоҷикистон на фақат давлати мусоид барои сайёҳон, балки барои сармоягузорон низ мебошад. Созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва ташкилоти гуногун барои сармоягузорӣ ба инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон мароқ зоҳир намуда, айни ҳол татбиқи якчанд лоиҳаҳои хурду бузург шурӯъ шудааст. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд татбиқи лоиҳаи «Рушди сайёҳӣ» ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» оғоз гардидаанд, ки барои рушди самтҳои гуногуни соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Яке аз иқдомҳои беназири Сарвари давлат ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, посдорӣ ва ҳифзи таърихи бою ғании миллати тоҷик ва муаррифии он ба ҷаҳониён таҷлили 5500 – солагии Саразми бостонӣ мебошад. Шаҳри таърихии Саразм яке аз ёдгориҳои нодири аҳди бостон буда, ба мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидааст. Чуноне Пешвои муаззами миллат зимни суханронии худ дар ҷашнвораи 5500-солагии Саразми бостонӣ таъкид намуданд: «Роҳбарону масъулони шаҳр бояд якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла Кумитаи рушди сайёҳӣ доир ба истифодаи самараноки Саразм ҳамчун ёдгории камназири таърихӣ ва дигар мавзеъҳои нодир бо мақсади ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ташкили инфрасохтори муосир, инчунин, бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои омода кардани кадрҳо барои қабул ва хизматрасонии сайёҳон чораҷӯӣ намоянд. Хотирнишон менамоям, ки дар сурати дурусту ҳадафнок ба роҳ мондани корҳо дар ин самт шаҳри Панҷакент ва ёдгориҳои нодири онро ба шиносномаи сайёҳии Тоҷикистон табдил додан мумкин аст.» Баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд дар мамлакат, ташрифи сарони давлатҳои олам ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ бори дигар аз эътирофи сартосарии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дарак медиҳад. Беҳуда нест, ки роҳбари вақти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Толиб Рифоӣ зимни сафараш ба Тоҷикистон ба имконоти сайёҳии давлати мо баҳои баланд дода, Тоҷикистонро «биҳишти кашфношуда» номида буд. Ин ҳама пешравиҳо ва эътирофҳо туфайли истиқлол ва сулҳу ваҳдат мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати озоду обод ва макони мусоид барои рушди сайёҳӣ боз ҳам ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам менамояд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |