20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷавонони ёвонӣ ихтиёрӣ азми хизмат ба Ватан кардаанд

251
Дар саҳни Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бо иштироки 140 нафар ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастан мехоҳанд, таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шараф аст!» ҳамоиши калони тарғиботӣ-маърифатӣ доир гардид. Дар он инчунин донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ ва технологӣ-фармасевтӣ, литсейҳои касбии техникӣ, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, падару модарон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш ҷавонони фаъол иброз намуданд, ки “Ватан макони поку муқаддасест, ки моро дар оғӯши гарму пурмеҳраш ба воя мерасонад ва мо дар фазои орому осудаи он хотирҷамъона кору зиндагӣ мекунем. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ба Ватани худ содиқ бимонем ва муҳофизати онро барои худ шаъну шараф бидонем”.

Имсол бо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон қариб 200 нафар ҷавонон пеш аз хизмати ҳарбӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддати назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ва шуъбаи шуғли аҳолии ноҳия таҳсил намуда, соҳибкасб шуда истодаанд. Чунин ташаббускорӣ сабаб гардидааст, ки имсол шумораи онҳое, ки бо хоҳиши худ ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан мехоҳанд, нисбат ба солҳои пешин ба маротиб афзоиш ёбад.

Зимни ҳамоиш раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия Қутбиддин Сафархолов, собиқадори соҳаи мудофиа Насрулло Содиқов, сарбозони қисми низомии 6593, даъватшавандаҳо ва ҷавонони фаъоли ноҳия сухан гуфта, хизмат ба Ватанро барои ҳар ҷавон мояи шараф ва ифтихори беандоза маънидод карданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво