24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар маросими ифтитоҳи Бозори марказии ноҳия иштирок намуданд

193
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар маросими ифтитоҳи Бозори марказии ноҳия иштирок намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бозори мазкур моҳи сентябри соли 2019 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати бозор 2 ҳазору 400 метри мураббаъро ташкил дода, дар он 112 ҷойи болопӯшида барои савдо ва 22 дӯкони тиҷоратӣ ҷойгир карда шудааст. Бозор бо маблағгузории Иттифоқи “Тоҷикматлубот” бунёд карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин то ин дам бозор вуҷуд надошт ва сокинон барои харидории молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба дигар шаҳру ноҳияҳо сафар мекарданд.

Кишоварзон ҳосили ҷамъоварӣ кардаашонро дар шаҳри Кӯлоб ва дигар ноҳияҳо ба савдо мебароварданд, ки дар аксари маврид меваю сабзавот ҳангоми кашонидан талаф меёфт.

Акнун дар бозор барои соҳибкорон ва хоҷагидорон барои ба фурӯш баровардани молу маҳсулот ва ба сокинон бо нархи дастрас харидорӣ кардани маводи зарурӣ шароити мусоид муҳайё карда шуд.

Дар ин ҷо беш аз 100 нафар соҳибкорону сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо соҳибкорон ва роҳбарияти бозор, дастур доданд, ки барои таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавот ва дигар намуди молу маҳсулот бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони дигар шаҳру ноҳияҳо шартнома баста, фаровонии бозорро таъмин намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво