18 июн 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ифтитоҳ намуданд

226
Дар маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, ки ба таври замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро дода шудааст, ки ба ҳусни маркази ноҳия зебоии дигар зам мекунад.

Бинои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо дастгирии аъзои фаъоли ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ дар майдони 200 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Бино аз 6 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст.

Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ давоми 16 моҳ сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб шуда, бино бо истифода аз масолеҳи баландсифат ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.

Иншоот бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили компютер, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва ғайра муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Тибқи иттилоъ, аксари кормандони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҷавонон ташкил медиҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои арзанда дода, ба сохтмончиён барои обод кардани як гӯшаи диёр изҳори сипос карданд.

Роҳбари давлат аз кормандони Кумитаи иҷроия ва аъзои фаъоли ҳизб ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво