25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ФУТБОЛ. Дастаҳои «Хатлон» ва «Равшан» ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд

269
Дирӯз дар Варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар бозии дигари нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан хеле ҷолиб баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ футболбозони дастаи «Хатлон» бо ҳисоби 2:0 дастаи «Истаравшан»-ро мағлуб намуда, ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Голҳоро аз ҳайати дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар Караматуло Саидов ва Худойдод Узоқов ба нишон расониданд.

Акнун дар финал дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб рақобат мекунад.

22 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бозии аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 байни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд баргузор гардида буд. Дар ин вохӯрии ҷолиб дастаи «Равшан» дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда, баъди 26 соли интизорӣ ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 роҳ ёфт. Голи ягонаро аз ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Абдураҳмон Нозимов дар дақиқаи 51 бозӣ ба ҳадаф расонид.

Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бо иштироки ду дастаи ғолиби нимфинал яъне дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб 10 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозии ниҳоӣ – соати 16:00. Бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд.

Имсол ҷадвали мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар марҳила аз як бозӣ иборат аст. Агар замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ба поён расад, он гоҳ ду қисми 15-дақиқаӣ таъйин мегарданд. Агар дар замони изофӣ ғолиб муайян нашавад, он гоҳ бар асоси дастури FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ғолибро силсилаи пеналтӣ маълум хоҳад кард.

15 сентябр бозиҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол ба анҷом расида буданд. Дар баробари дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан низ ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои чорякфинал дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар дастаи «Локомотив-Помир» бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи ғолиб Шавкати Ҳотам се гол зад. Як голи дигарро Иброҳим Зокиров ба нишон расонид. Дар бозии дигар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан пас аз силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб намуд. Вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ дастаҳо ба дарвозаи якдигар якголӣ заданд. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти истаравшаниҳо омад карду бо ҳисоби 5:4 ғолиб омаданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Даври ¼- ниҳоӣ

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» – 4:2

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 8 (1:0). Марко Милич, 38 (1:1). Рустам Соиров, 60 (1:2). Ҳасан Рустамов, 90+2 (2:2). Наврӯз Рустамов, 91 (3:2). Абдураҳмон Нозимов, 111 (4:2).

«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Далер Шомуродов, Сайидамири Сайидаҳмад (Умедҷон Бадалов, 83), Сафаралӣ Каримов, Абдураҳмон Нозимов, Амирҷон Фаррухзод (Сайидхони Амрохон, 81), Шодӣ Муродов (Зокир Абдулхайров, 74), Наврӯз Рустамов, Далер Чолов (Сиёвуш Назирмадов, 74), Музаффар Назаров.

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Марко Милич, Ваҳдат Ханонов, Рустам Соиров, Ромиш Ҷалилов (Хуршед-Темур Ҷӯраев, 94).

Огоҳӣ гирифтанд: Далер Чолов, Амирҷони Фаррухзод, Наврӯз Рустамов, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Сайидамири Сайидахмад, Зокир Абдулхайров («Равшан»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»).

Аз майдон хориҷ шуд: Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»), 71 – ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қоидаҳои бозӣ.

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Ҳасан Рустамов («Равшан»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

13 сентябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

«Эсхата» – «Хатлон» – 0:1

Гол: Сорбон Авғонов, 32.

«Эсхата» (Хуҷанд): Муминҷон Гадойбоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Умедҷон Одинаев, Амирҷон Ҳомидов, Дилшод Каримов, Боҳирҷон Сангинбоев (Абдураҳмон Узоқов, 71), Анвархон Темурхонов (Икром Каримҷонов, 62), Иброҳим Эшонхонов (Амирҷон Раҳимов, 71), Фирдавс Икромбеков (Ҳумоюн Азимов, 62), Ҷӯрабой Исоев (Рустамҷон Сабуров, 56), Мубинҷон Муъминов.

«Хатлон» (Бохтар): Куайе Годсон, Ҳусейн Нурматов, Равшан Азизов, Саидшо Бозоров, Муҳаммадҷон Насков (Фирдавс Алиназаров, 90+5), Тони Бикатал (Сафиоллоҳи Назарзода, 28), Сорбон Авғонов, Умарҷон Шарипов, Кароматулло Саидов (Мфуапон Аласса, 78), Худойдод Узоқов (Суннатулло Исмоилов, 78), Парвиз Боқӣ-Охунов.

Огоҳӣ гирифтанд: Боҳирҷон Сангинбоев, Дилшод Каримов («Эсхата»), Саидшо Бозоров («Хатлон»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Сорбон Авғонов («Хатлон»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

13 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак».

15 сентябр (сешанбе)

«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ» 2:4

Голҳо: Шавкати Ҳотам, 14 (0:1). Эмомали Аҳмадхон, 22 (1:1). Ҷонибек Шарипов, 34 (2:1). Шавкати Ҳотам, 59 (2:2). Шавкати Ҳотам, 63 (2:3). Иброҳим Зокиров, 90+2 (2:4).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

«Истаравшан» – «Кӯктош» 5:4

Голҳо: Мбеке Диудони – 0:1. Илҳом Баротов – 1:1. Далер Ёдгоров – 1:2. Саиддостон Фозилов – 2:2. Муҳаммадшарифи Саидхоҷа – 2:3. Отабек Каримов – 3:3. Собирҷон Холматов – 3:3 (вратарь). Беҳруз Хайриев – 4:3. Ҳикматулло Расулов – 4:4. Салам Ашурмамадов – 5:4.

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Даври 1/2 финал

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 1:0

Гол: Абдураҳмон Нозимов, 51.

«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Музаффар Назаров (Сиёвуш Назирмадов, 86), Сайдамири Сайдаҳмад, Далер Шомуродов, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Абдураҳмон Нозимов, Амирчони Фаррухзод (Умечон Бадалов, 89), Саидхони Амрохон (Зокир Абдулхайров, 46), Далер Чолов (Довуд Розиқов, 69), Шодӣ Муродов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Фатҳулло Бобоев, Ёқубҷон Ахмедов, Фирӯз Караев, Оятулло Сафаров, Акбар Бобомуродов, Акбари Шелдари Араш, Расул Пайзов, Нозим Бобоҷонов, Парвиз Бахиёрзода (Азизбек Ҳаитов, 78), Ҷамолиддин Зардиев (Диловаршо Ганиев, 46), Шерзод Маҳамадиев (Ибрагим Зокиров, 74).

23-юми сентябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:00

«Хатлон» – «Истаравшан» 2:0

Голҳо:Караматулло Саидов 48,Худоидод Узоқов, 75

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

Финал

10-уми октябр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кулоб дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 бо дастаи «Хатлон» -и шаҳри Бохтар рақобат мекунанд.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво