18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Прокуратураи ноҳияи Восеъро мавриди истифода қарор доданд

185
24 сентябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои Прокуратураи ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот сеошёна буда, аз 8 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо беш аз 50 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат мебошад.

Кормандони Прокуратураи ноҳияи Восеъ имкон доранд, ки дар вақтҳои холӣ аз технологияи муосир ва китобхонаи таъсисдодашуда, ки ба шабакаи интернет низ пайваст аст, адабиёти соҳавию бадеӣ истифода намуда, донишу малакаи касбии хешро сайқал диҳанд.

Ҳамчунин ба хотири таъмини кормандон бо ҷойи зист дар ошёнаи сеюми бино 4 ҳуҷраи истиқоматӣ бунёд карда шудааст.

Сохтмони бинои Прокуратураи ноҳия соли 2019 оғоз гардида, дар муддати як сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шуд.

Айни замон дар Прокуратураи ноҳияи Восеъ 7 нафар корманди фаврӣ ва се корманди техникӣ фаъолият мекунанд.

Дар баробари сохтмони бинои Прокуратура ҳамзамон атрофи бино ободу зебо гардонида шуда, тадбирҳои равшаннамоӣ низ бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Аснои ба истифода супоридани иншоот ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз кормандони Прокуратураи ноҳияи Восеъ дар иншооти ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда фаъолият мекарданд.

Аз ин рӯ бо мақсади таъмини кормандон бо шароити мусоиди корӣ иншоот бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ бунёд карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгашта дар бинои нав ва суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба тақвият бахшидани фаъолият ҷиҳати назорати риояи дақиқ ва иҷрои қонунҳои амалкунанда ҷалб карданд.

Таъкид карда шуд, ки бо мақсади амалӣ сохтани қарору қонунҳо, ки ба нафъи давлату миллат равона гардидааст, дар даврони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас амалӣ намуда, барои кормандони Прокуратураи шаҳру ноҳияҳои мамлакат марҳила ба марҳила имкони созгори фаъолият фароҳам овард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншоотро туҳфаи навбатии Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, аз кормандони Прокуратура талаб намуданд, ки ба волоияти қонун арҷ гузошта, вазифаҳои хизматии хешро содиқонаву софдилона дар назди халқу Ватан анҷом диҳанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво