25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таъсиси гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар Ёвон

808
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба баргузории раъйпурсиии умумихалқӣ ва моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дод. То ба имрӯз зиёда аз 98 маротиба бо иштироки фаъолон, аҳли ҷамоат, сокинони деҳаҳо ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, донишҷӯёни литсейҳои касбӣ, коллеҷи тиббию кормандони шуъбаи маориф, сарварони муассисаҳои томактабӣ ва кормандони соҳаи тиб вохӯриҳои судманд доир гардиданд.
Ҳамчунин дар ин муддат 12 маротиба тариқи радиои маҳаллӣ маводи дахлдор пахш намуда ва 102 адад шиору овезаҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот овехта шудаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар ин самт корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар байни аҳолӣ идома дода, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво