29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пагоҳ Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад

202
Пагоҳ, 23 сентябр дар пойтахт Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба рӯзномаи иҷлосияи мазкур масъалаҳои зерин: гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №№23 ва 42, ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021 дар шаҳри Душанбе, дар бораи натиҷаҳои рушди соҳаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва вазъи амалишавии низоми электронии роҳкиро дар ин соҳа, дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи супориши Раиси шаҳр барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 21 сентябри соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон гардишвохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво