26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат корхонаи сангтарошии «Чилтан» ба фаъолият шурӯъ кард

257
Дар доираи омодагиҳо ва таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иншооти гуногун ифтитоҳ гардида, мавриди баҳрабардорӣ карор дода шуданд.
Аз ҷумла, корхонаи обҳои ташнагишикани «Мужда ЛТД», маркази саломатию варзишӣ, корхонаи «Қоғази Шарора», корхонаи истеҳсоли саноатии «Анас Одина», майдончаи варзишӣ дар деҳаи Шӯроби Афғони деҳоти Сомон, маркази савдо, сехи дӯзандагӣ ва дорухона дар деҳаи Дучинораи деҳоти Сомон, пули мошингузар дар деҳаи Хирманаки деҳоти Сомон, корхонаи парандапарварӣ дар заминаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҳасиби Ҳисор» дар деҳаи Файзбахши деҳоти Навобод, майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи ҳаштуми шаҳраки Ҳисор, бинои иловагӣ иборат аз чор синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №80, воқеъ дар деҳаи Иттифоқи деҳоти Ҳисор, бинои иловагӣ иборат аз чор синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76, воқеъ дар маҳаллаи Соҳибдилони шаҳраки Шарора, бинои якуми корхонаи парандапарварӣ дар маҳаллаи Сафобахши шаҳраки Шарора аз ҷумлаи иншооте мебошанд, ки ба истифода дода шуданд.
Дар бунёди иншооти таъйиноташон гуногун, ки баробари ба истифода додани онҳо беш аз 300 ҷойи нави кор фароҳам оварда шуд, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпешша саҳми назаррас гузоштаанд.
Омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар мамлакат табдил гардида, ба ифтихори таҷлили ин санаи фархунда дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ бо суръат идома дорад.
Ба истифода додани корхонаю марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳри Ҳисор дар ҳолест, ки 18 сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои истиқоматии баландошёна ва сехи дӯзандагӣ, муассисаи таълимии томактабӣ барои 250 кӯдак, маркази хизматрасонии «Ҳисор Плаза», корхонаи коркарди ҷуворимакка, корхонаи коркарди шир ва боғи зимистонаи «Шаршара» мавриди истифода қарор дода шуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво