26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

22 сентябр дар Институти забон ва адабиёт Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад

404
Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.

Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пагоҳ, соати 10:00, дар толори Институти мазкур солонаи Рӯдакӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои котиби илмии Институт Шамсиддин Муҳаммадиев, бинобар сабаби пандемияи КОВИД-19 ҳамоиши илмӣ дар шакли маҳдуд баргузор карда мешавад. Дар ҷамъомади тантанавӣ олимон ва рӯдакишиносони Институт перомуни рӯзгор, вазни ашъор ва аҳамияти осори устод Рӯдакӣ маърӯзаҳои илмӣ мекунанд.

Имсол соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ба расмият дароварда шудааст. Дар ин рӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назди ҳайкалу нимпайкараҳои Абӯабдулло Рӯдакӣ гулгузорӣ, ҳамоишҳои идона ва маҳфили шеърхонӣ, дар донишгоҳҳои филологии мамлакат, муаасисаҳои адабиву фарҳангӣ нишасту конфронсҳои илмӣ, мизҳои гирд ва ҷаласаҳо доир мегарданд.

Соли 2008 бо пешниҳоди Президенти мамлакат аз тарафи ЮНЕСКО 1150 – солагии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд, ки аз дастовардҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Ба ин муносибат дар Боғи ба номи Рӯдакӣ дар радифи пайкараи асосгузори нахустин давлати миллии тоҷикон — Сомониён — Исмоили Сомонӣ гузоштани муҷассамаи шоир далели қадрдонӣ ва эҳтироми халқу давлат ва Сарвари давлат ба фарзанди арзандаи хеш мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво