9 ноябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ омода мешаванд

275
Имрӯзҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябр баргузор мешавад, хуб ҷараён доранд.

Тавре раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии №5-и шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» маълумот дод, ҳавзаи мазкур аз 101 участкаи интихоботӣ иборат буда, ҳамаи онҳо бо маводи зарурӣ таъминанд. Ҳамаи участкаҳои интихоботии шаҳри Ваҳдат барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ омода буда, дар ин ҷойҳо барои пешгирии бемории сироятии коронавирус дар ҳамкорӣ бо сохторҳои тандурустии шаҳр пайваста корҳои тозакунӣ гузаронида мешаванд.

Ҳавзаи интихоботии №11 дар ноҳияи Рӯдакӣ калонтарин ҳавза ба шумор рафта, он дар 16 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 161 участкаи интихоботӣ дорад. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ 1449 нафар ба ҳайси раис, аъзои комиcсия ва котиб фаъолият доранд. Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ дорои 15 участкаи интихоботӣ ва Ҷамоати деҳоти Гулистон дорои 12 участкаи интихоботӣ мебошанд.Участкаҳои интихоботии ҳудуди ҷамоатҳои мазкур пурра бо ҳуҷраҳо ва қуттиҳои овоздиҳӣ, мавод барои ёрии аввалини тиббӣ, хонаи модару кӯдак ва маводи безараргардонӣ таъмин буда, дар онҳо барои афроди имконияташон маҳдуд ва нозирони минтақавию байналмилалӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар шаҳри Ҳисор низ ҳамаи участкаҳои интихоботӣ барои қабули овоздиҳандагон пурра омодаанд. Дар баробари ин, барои шахсони маъюб, бемор ва пиронсолон, ки ба участкаҳои интихоботӣ омада наметавонанд, барои овоздиҳӣ қуттиҳои сайёр ташкил гардидаанд. Инчунин дар ҳар участка барои шахсони имконияташон маҳдуд ҳуҷраҳои алоҳида омода шудаанд. Масъулин барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳамаи участкаҳоро бо маводи безараргардонӣ таъмин намудаанд.

Бо мақсади ширкати фаъоли овоздиҳандагон ва пайдо намудани иттилои бештар дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбонҳо ва дохилу беруни биноҳои комиссияи ҳавзавии интихоботу участкаҳои интихоботии шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ шиору овезаҳои зиёд насб шудаанд. Ҳамарӯза миёни аъзои комиссияи интихоботӣ ва раъйдиҳандагон оид ба принсипҳои асосии интихобот ва тарзи овоздиҳӣ суҳбатҳо доир мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво