19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо сокинони ноҳияи Кӯшониён мулоқот намуд

230
Имрӯз таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо сокинони маҳаллӣ мулоқот доир гардид.

Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот доир ба пешгирӣ аз амалҳои номатлуб дар ҷомеа, нишон додани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, тақвият додани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, таъмини волоияти қонун ва масоили дигари мубрам мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

Дар ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура, роҳбарони ташкилоти вилоятӣ ва фаъолони ноҳияи Кӯшониён иштирок намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво