28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бо кумаки соҳибкор Ҳикматулло Собиров 300 хоҷагии деҳаҳои Сабзазор ва Навбунёди Тоҷикобод бо оби нӯшокӣ таъмин гаштанд

283
Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи лабиоби ноҳияи Тоҷикобод бинои иловагии муассисаи таълимии деҳаи Фатҳобод, инчунин нуқтаи хатти оби нӯшокии деҳаҳои Сабзазор ва Навбунёди Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳия, ки бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Ҳикматулло Собиров аз масофаи 7 км барои таъмини 300 хоҷагӣ оварда шуд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар маросими баистифодадиҳии онҳо раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Маҳмадҷонзода, раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ва сокинони ин ҷамоатҳо иштирок намуданд.

Масъулини ноҳияи Тоҷикобод гуфтанд, ки бинои иловагии муассисаи таълимӣ бо маблағи 913 970 сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои 240 нафар хонанда дар ду баст сохта шудааст, ки он мушкилии норасоии ҷойи нишастро бартараф намуда, дар соли нави хониш туҳфаи арзандае барои толибилмон ва устодони муассиса мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 77 иншоотро ба нақша гирифтааст.

То имрӯз бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ва маблағгузории буҷети маҳаллӣ зиёда аз 36 адад иншооти ҷашнӣ, аз қабили синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, минтақаҳои истироҳатӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шуда, сохтмони 26 иншооти дигар идома дорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво