26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҳфили фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар ФДДМ дар шаҳри Душанбе

1577
Имрӯз дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе маҳфили фарҳангӣ бахшида ба 71- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар он собиқадорони меҳнат ва иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иштирок намуданд.
Дар маҳфил оркестри дивизияи ҳарбии 201-уми Русия дар якҷоягӣ бо ханандагони мактаби миёна ва донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ намуда, бо шеъру суруд доир ба Рӯзи Ғалаба ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Сайъло Мирзоев, ректори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ гул ва туҳфаҳои пулӣ тақдим намуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво