20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кашшофи Саразм. Гиромидошти хотираи доктори илмҳои таърих, равоншод Абдуллоҷон Исҳоқӣ дар шаҳри Исфара

426
Ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ яке аз кӯчаҳои Ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара ба номи олими маъруфи тоҷик, доктори илмҳои таърих, зиндаёд Абдуллоҷон Исҳоқӣ гузошта шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси шаҳри Исфара иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин бо иштироки раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода дар саргаҳи кӯча лавҳаи ёдгории ба номи Абдуллоҷон Исҳоқӣ насб гардид.

Раиси шаҳр дар деҳаи мазкур бинои иловагии таълимиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 ба истифода дода, зикр намуд, ки «дар ин макони илму маърифат ворисони асили олими зиндаёд Абдуллоҷон Исҳоқӣ ба воя мерасанд ва дар оянда ба халқу Ватан хизмати шоиста мекунанд».

Акрам Сулаймонзода иброз дошт, ки ояндаи наздик дар Гулбоғи Сайфуддини Исфарангии шаҳр нимпайкараи олими маъруф гузошта хоҳад шуд.
Кашшофи Саразм. Гиромидошти хотираи доктори илмҳои таърих, равоншод Абдуллоҷон Исҳоқӣ дар шаҳри Исфара

ДАР АКС: доктори илмҳои таърих Абдуллоҷон Исҳоқӣ

Бояд тазаккур дод, ки доктори илмҳои таърих Абдуллоҷон Исҳоқӣ дар деҳаи Чилгазии шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Пас аз хатми факултети таърихи Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои шаҳри Душанбе соли 1958 бо роҳхати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон дар пойгоҳи бостоншиносии навтаъсиси шаҳри бостонии Панҷакент ба сифати лаборант ба фаъолият оғоз намудааст.

Бозёфт шудани маркази нави маданияти аҳди қадими кишоварзии Саразм дар саргаҳи Зарафшон аз тарафи устод Абдуллоҷон Исҳоқов кашфиёти нодир дар илми бостоншиносии ҷаҳон буд. 13 сентябри соли 1976 барои ӯ ҳамчун рӯзи мавлудаш рӯзи фаромӯшнашавандаю таърихӣ ва шуҳрату номварӣ дар илми бостоншиносии тоҷик гардид.

Тавре дар китоби «Саразм»-и мавсуф омадааст: «Дар соҳили дарёи Зарафшон, дар сари шоҳроҳи Панҷакент-Самарқанд, дар наздикии дашти Саразм ёдгории аҳди биринҷиро пайдо намудам.

Ба кашшофони ин ёдгорӣ, маъюби ҶБВ Ашӯралӣ Тайлонов ва духтари ӯ Ҷамила Бобомуродова ҳазорҳо ташаккур мегӯям. Онҳо ба осорхонаи ба номи Рӯдакӣ даромада, чашмашон ба табарчаи гаҷие афтодааст. Ин табарча нусхаи табари биринҷии аз деҳаи Ёрии ноҳия ёфтшуда буд. Ашӯралӣ аз корманди осорхона дар бораи ин табар маълумот гарифта, гуфтааст, ки ҳангоми хонасозӣ ӯ низ чунин табар ёфтааст, агар барои осорхона лозим бошад, ӯ метавонад ин табарро туҳфа намояд. Вақте ин хабари хушро ба ман расонданд, ба гӯшҳоям бовар накардам, зеро он аз як воқеаи оламшумуле дарак медод, ки солҳо интизораш будем. Дарҳол ба деҳаи Авазалӣ омадам ва ба ҷустуҷӯи Ашӯралию бозёфташ шитофтам…», -менависад Абдуллоҷон Исҳоқӣ.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осори аҳди қадим — Саразм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо пуштибонӣ аз он 21 сентябри соли 2000 фармони махсусро дар бораи мамнӯъгоҳи таърихӣ эълон шудани он аз ба тавсиб расониданд.

Ҳамчунин бо ҷаҳду кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат 5500-солагии шаҳраки қадимаи Саразм ва 700-солагии шоири ширинбаёни тоҷик Камоли Хуҷандӣ ба ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид карда шуданд, ки соли равон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво