19 март 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Осорхонаи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «Интихоби сайёҳон» гардид

679
Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби сомонаи сайёҳии «Трайп Эдвайзер» дар бахши ҷойҳои тамошобоби шаҳри Душанбе ҷоизаи «Интихоби сайёҳон» (Trave llers’ Choice) дар соли 2020-ро соҳиб гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Сомонаи сайёҳии «Трайп Эдвайзер» (Tripad visor) ҳамасола ҷоизаи «Интихоби сайёҳон» (Trave llers’ Choice)- ро дар бахшҳои имконоти манзил, ҷойҳои тамошобоб ва тарабхонаҳо ба онҳое тақдим менамояд, ки пайваста аз ҷониби сайёҳон шарҳҳои беҳтарин мегиранд.

Дар сомонаи мазкур сайёҳон дар бораи меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва ҷойҳои тамошобоби саросари олам шарҳҳои худро навишта, дар асоси ин навиштаҳо мақом (рейтинг)-и онҳо муайян, нархҳои ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва чиптаҳои ҳавопаймоҳо муқоиса мегарданд.

Дар шарҳи аксарияти сайёҳон омадааст, ки сатҳи хизматрасонӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шуда, меҳмонон аз савияи донишу забондонии роҳбаладон қаноатманд мебошанд. Пешниҳоди паиҳами давраҳои таърихӣ ва инъикоси фарҳанг, табиат ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон омили дигари маҳбубият пайдо кардани он миёни сайёҳон ба ҳисоб меравад.

Яке аз меҳмонон дар ин сомона навиштааст: «Макони беҳтарин мебошад. Ошёнаҳои он инъикосгари давраҳои таърихӣ, бостоншиносӣ, ганҷҳои фарҳангӣ ва асарҳои санъат мебошанд. Роҳбаладони ботаҷриба ва касбӣ, ки кори худро дӯст медоранд, ҳар яке барои ошёнаи худ ва толорҳои муайян масъул мебошанд. Дар ин ҷо, ҳар як гӯшаи он бо таърихи мамлакат нафас мекашад. Ман ба таҳқиқ барои ташриф ба ин макон тавсия медиҳам!».

Мавриди зикр аст, ки «Трайп Эдвайзер» сомонаи сайёҳии амрикоӣ буда, соли 2000 таъсис дода шудааст. Сомона ба истифодабарандагони худ имкон медиҳад, то сафари худро ба дилхоҳ кишвари дунё ба нақша гиранд. Айни замон ин сомона дар 45 давлат бо 25 забон фаъолият намуда, инчунин ба 315 миллион нафар меҳмонон хизмат мерасонад.

Дар ин сомонаи сайёҳӣ зиёда аз 70 миллион корбарон сабти ном шуда, бо зиёда аз 200 миллион шарҳ дар ҷаҳон мақоми намоёнро ишғол намудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво