26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони ноҳияи Спитамен кумак намуд

360
Роҳбари гурӯҳи кории 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода тарбиятгирандагони интернати наздимактабии ноҳияи Спитаменро аёдат намуда, ба 22 нафар хонандагон либосҳои зимистона, маводи безараргардонӣ, ба монанди антисептик, ниқобҳои муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, китобҳои бадеӣ ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тақдим намуд. Дар ин бора аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ҳамчунин дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ роҳбарияти Суди Олии иқтисодии мамлакат барои аёдат ба Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №1»-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе рафта, ба тарбиятгирандагон кумаки молӣ намуд.

Мавлуда Қаландарзода таъкид намуд, ки тамоми тарбиятгарони мактаб-интернатҳои мамлакат дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, барои таъмини зиндагии шоистаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво