Дастаи «Зебонисо»-и Душанбе ғолиби дукаратаи Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон гардид![]()
Дастаи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе дар даври ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуда, ғолиби чемпионат гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бозии марказии даври ҳаждаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон 9 сентябр дар шаҳри Бохтар сурат гирифт, ки дар он дастаи «Хатлон» дастаи футболи «Зебонисо»-и шаҳри Душанберо қабул кард. Барои ба даст овардани унвони чемпионӣ ба дастаи «Хатлон» ҳисоби мусовӣ кофӣ буд, вале дастаи «Зебонисо» бояд ҳатман ғалаба мекард. Бозии ҳалкунанда бо пирӯзии дастаи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Дар ҳайати дастаи «Зебонисо» голҳоро Наталя Сотникова, Некубахт Худододова ва Нисо Абдуллоева ба нишон расониданд. Ҳамин тариқ, дастаи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе бо 49 хол дар ҷои аввали ҷадвали чемпионат қарор гирифт. Ин даста қаблан соли 2018 ғолиби чемпионат гардида буд. Медалҳои нуқра насиби дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо гирифтани 47 хол гардиданд, медалҳои биринҷиро дастаи «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ соҳиб шуданд. Ҷоизаи беҳтарин дарвозабони Чемпионати Тоҷикистон ба дарвозабони дастаи «Зебонисо» Сайёра Саидова сазовор дониста шуд. Ҳамлагари дастаи «Хатлон»»-и шаҳри Бохтар Лайло Ҳалимова, ки дар 18 бозӣ 78 гол задааст, беҳтарин нишонзан гардид. Ҷоизаи беҳтарин бозингарро Рафина Нормуродова аз дастаи футболи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав ба даст овард. Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон: Даври 10-ум «Хатлон» – «Равшан» – 9:0 «Регар-ТадАЗ» – «Барқ» – 14:0 «Панҷшер» – «Зебо» – 0:13 «Бешкент» – «Чашма» – 12:0 «Зебонисо» – «Ҳосилот» – 14:0 Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон: Даври 11-ум «Ҳосилот» – «Хатлон» – 0:16 «Чашма» – «Зебонисо» – 0:18 «Зебо» – «Бешкент» – 5:1 «Барқ» – «Панҷшер» – 0:6 «Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 0:2 Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон: Даври 12-ум «Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 3:0 «Панҷшер» – «Равшан» – 1:2 «Бешкент» – «Барқ» – 6:0 «Зебонисо» – «Зебо» – 1:1 «Ҳосилот» – «Чашма» – 2:1 Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон: Даври 13-ум «Чашма» – «Хатлон» – 0:18 «Зебо» – «Ҳосилот» – 19:0 «Барқ» – «Зебонисо» – 0:15 «Равшан» – «Панҷшер» – 0:3 Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон: Даври 14-ум «Хатлон» – «Панҷшер» – 10:0 «Бешкент» – «Регар-ТадАЗ» – 0:3 «Зебонисо» – «Равшан» – 16:0 «Ҳосилот» – «Барқ» – 0:0 «Чашма» – «Зебо» – 0:20 Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон: Даври 15-ум «Зебо» – «Хатлон» – 0:0 «Барқ» – «Чашма» – 0:1 «Равшан» – «Ҳосилот» – 2:1 «Регар-ТадАЗ» – «Зебонисо» – 0:6 «Панҷшер» – «Бешкент» – 3:3 Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон: Даври 16-ум «Хатлон» – «Бешкент» – 4:0 «Зебонисо» – «Панҷшер» – 12:0 «Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ» – 0:10 «Чашма» – «Равшан» – 0:3 «Зебо» – «Барқ» – 8:0 Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон: Даври 18-ум «Хатлон» – «Зебонисо» – 0:3 «Ҳосилот» – «Бешкент» – 0:6 «Панҷшер» – «Чашма» – 1:0 «Зебо» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1 «Барқ» – «Равшан» – 0:0 ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т-Т Х 1 «Зебонисо» (Душанбе) 18 16 1 1 171-3 49 2 «Хатлон»(Бохтар) 18 15 2 1 133-8 47 3 «Зебо» (Дӯстӣ) 18 13 3 2 124-12 42 4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 18 12 1 5 94-19 37 5 «Бешкент» (Носири Хусрав) 18 9 2 7 67-27 29 6 «Равшан» (Кӯлоб) 18 4 1 13 9-83 13 7 «Барқ» (Норак) 18 3 3 12 7-106 12 8 «Ҳосилот» (Фархор) 18 3 3 12 9-117 12 9 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 18 2 4 12 18-121 10 10 «Чашма» (Шаҳритус) 18 3 0 15 10-152 9
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |