Дар Муъминобод меҳмонхонаи панҷситорадор ва осоишгоҳи «Чилдухтарон» бунёд мегарданд
623
Интизор меравад, ки ояндаи наздик дар ноҳияи Муъминобод маҷмааи сайёҳӣ бо назардошти имкониятҳои сайёҳии аграриву экологии минтақа- меҳмонхонаи 5- ситорадор барои қабули 100 нафар дар як вақт ва осоишгоҳи «Чилдухтарон» мавриди истифода қарор дода шаванд. Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳо ва муайян намудани имкониятҳои сайёҳӣ мутахассисони соҳа таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода ба ноҳияи Муъминобод сафар намуда, ҳамроҳ бо масъулини соҳа бо захира ва имкониятҳои қабулу хизматрасонии сайёҳии ноҳия аз наздик шинос гардиданд. Инфрасохтори сайёҳии ноҳия 8 мавзеи таърихӣ, 4 меҳмонхона, 14 гестҳаусу ҳомстейҳо, 1 ширкати сайёҳӣ, 10 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 1 чойхона, 2 тарабхона, 48 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 3 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ ва банкоматҳо, 3 нуқтаи фурӯши армуғонҳои сайёҳӣ, 1 маркази иттилоотӣ 4 осорхона, 6 мавзеи сайёҳӣ, фарҳангию фароғатӣ, 4 нуқтаҳои хизматрасонии сарироҳиро дар бар мегирад, ки дар хизмати меҳмонони дохиливу хориҷӣ қароро доранд. Зимни сафар масъулин аз иншооти бунёдшавандаи хизматрасонии сайёҳӣ, ки бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, дидан намуданд. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Муъминобод иншооти таъйиноташон гуногун, аз ҷумла иншоот дар самти хизматрасониҳои сайёҳӣ бунёд гардида истодаанд. Рушди инфрасохтори ноҳия ва ба талаботи сайёҳон мутобиқ намудани имкониятҳои хизматрасонӣ барои ҷалби бештари гардишгарон ба ин минтақаи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Ноҳияи Муъминобод дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди туризми кӯҳӣ, варзишӣ, этнографӣ ва экологӣ мувофиқ мебошад. Минтақаҳои «Чилдухтарон» ва «Чашмаи ҷӯшон» барои сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷолиби диққатанд. Муъминобод минтақаи пурғановат ва овозадори Хатлонзамин буда, аз шимол бо навоҳии Ховалингу Сангвор, аз шарқ ба ноҳияи Шамсидини Шоҳин, аз ҷануб бо шаҳри Кӯлоб ҳамсарҳад мебошад. Дар ноҳияи Муъминобод ҷалби сайёҳон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва меҳмонони хориҷӣ афзоиш ёфта, дар ин ҷо сайёҳии кӯҳнавардӣ, шикорӣ, экологӣ, табобатӣ ба роҳ монда шудааст. Муъминободро диёри чашмасор ё ҳазорчашма низ мегӯянд. Захираҳои табиии ноҳия хеле бой буда, 138 навъи растаниҳои шифобахш, 45 навъи растании асаловар ва 98 навъи растании ғизоӣ сабт шудаанд. Олами ҳайвоноти ноҳия гуногун буда, аз водиҳо то минтақаи кӯҳҳои баланд паҳн гардида, барои рушди сайёҳии шикор имконият фароҳам овардааст. Ин дар ҳолест, ки Кумита бо мақсади воридшавии ноҳияи Муъминобод ба низоми бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамзамон бо ҷараёни иншооти бунёдшавандаи хизматрасонии истироҳатию фароғатӣ ва сайёҳӣ дар шаҳрҳои Ҳисор ва Ваҳдат шинос гардид.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |