14 ноябр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«БЕҲТАРИН ГАВҲАРИ ГАНҶИНАИ ҲАСТӢ СУХАН АСТ …». 13 сол муқаддам Пешвои миллат 4 сентябрро Рӯзи китоб эълом дошта буданд

6692
4 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Ин ҷашн соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон эълон гардида буд. Он вақт Сарвари давлат зикр намуданд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад».

Рӯй овардан ба китоб, китобхонӣ ва интишори китоб аз сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ин ташаббус ва ибтикороти Сарвари давлат аз дониши васеъ ва огоҳии комил аз таърихи тамаддуни олам, назари фароху завқи баланди эшон дарак медиҳад. Маҳз дарки баланди масъулият ба ояндаи пуршараф, пурмазмун ва пурмаънои мардуми Тоҷикистон Пешвои миллатро водор намуд, ки ба маънавияти ҳамватанони хеш таваҷҷуҳ намоянд ва ба баланд бардоштани маърифати ҷомеа, хосса ҷавонону наврасон эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ин ибтикороти Пешвои миллат амали таърихист, ки натиҷаҳои нек ба бор хоҳад овард.

Тавре Пешвои миллат дар ин робита зикр намудаанд, «китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд».

Воқеан китоб бузургтарин ихтирооти инсонист, ки дар ҳамаи давру замонҳо мақому манзалати шоистаро сазовор буд. Аз ҷовидонии он, аҳамияту арзиши бемисли он бузургони ҷаҳон басе гуфтаву навиштаанд. Абёти маъруфи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар мавриди асари безаволаш «Шоҳнома» ишора ба ҷовидонии китоб низ ҳаст, ки то имрӯз вирди забони аҳли маърифат аст:

Биноҳои обод гардад хароб
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Бад-ин нома бас умрҳо бигзарад,
Бихонад, ҳар он кас, ки дорад хирад.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,
Пас аз марг бар ман кунад офарин…

Бале, китоб – ин сухан аст ва чуноне шоир Салими Кошонӣ фармудааст:

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ суха наст,
Гар сухан ҷон набувакд, мурда чаро хомӯш аст…

Ё орифи маъруф Фахриддини Ироқӣ дар мавриди китоб ва арзиши он менависад:

Ҳарифе, ки аз вай наёзурд кас,
Басо озмудам, китоб асту бас.

Нагирад ба кас сабқат аз ҳеҷ боб,
Аз ӯ то напурсӣ нагӯяд ҷавоб.

Тавон хонд дар лавҳи пешонияш,
Хати сарнавишти сухандонияш.

Зи тавраш ба хилватгаҳи анҷуман,
Ҳама хомӯшӣ бо ту гӯяд сухан,

Кунад мустамеъ гар қабули китоб,
Тавон гуфт дар васфи ӯ сад китоб.
«БЕҲТАРИН ГАВҲАРИ ГАНҶИНАИ ҲАСТӢ СУХАН АСТ …». 13 сол муқаддам Пешвои миллат 4 сентябрро Рӯзи китоб эълом дошта буданд

ДАР АКС: Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Зафаробод, 22 августи соли 2019. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Нависандаи маъруфи рус Максим Горкий гуфта буд, ки «ҳамаи хубиҳои худро ман аз китоб медонам”. Ин андешаи суханвари номварро ҳар нафаре, ки бо китоб сару кор дорад ё ақаллан китоби хуберо аз оғоз то анҷом хонда бошад, тасдиқ менамояд.

Китоб танҳо сарчашмаи илму маъонӣ ва маърифат нест, балки он сарманшаи тафаккури инсон аст ва ба қавле, одам замоне, ки аз хондан боз мемонад, аз фикр кардан ва андеша намудан низ маҳрум мегардад. Касе, ки тафаккур надорад, ӯ ҳаргиз наметавонад дар зиндагӣ муваффақ бошад. Гузашта аз тафаккур барои инсон ҷаҳонбинӣ ва донишҳое муҳиманд, то тавассути он кас ба фаъолияти худ баҳо диҳад ва ояндаи хешро интихоб намояд. Ин ҳама донишҳо, ки бо ҳақиқат пайванди қавӣ доранду таҷрибаи гузаштагон хамирмояи онҳост, маҳз дар китобҳо маҳфуз мебошанд.

Китобҳо оинаи ҳақнамое ҳастанд, ки дирӯзи инсониятро инъикос мекунанд, имрӯзро тасвир месозанд ва ояндаро муайян менамоянд. Ба ибораи дигар, китобҳо ганҷури ҳикмату андарз, дастуру раҳнамо ва пули маънавӣ миёни дирӯзу имрӯз ва имрӯзу фардоҳост. Вақте дар бораи эъҷоз ва қудрати китоб ҳарф мезанем, метавонем аз хусусиятҳои муассири он сухан кунем. Аз ҷумла, китоб, махсусан осори адабиву бадеӣ инсонро ба фикр кардан водор менамояд, завқу салиқаи маърифату идрокро тавсеа мебахшад, неруи интиқод ва истеъдоди кашфи андешаҳои мармузро ривоҷ медиҳад. Инсоне, ки пайваста китоб мехонад, зимнан дорои маданият ва фарҳанги фавқулода мегардад. Таъсири ғоявии китоб ба инсон дар фосилаи зиндагониаш ба мушоҳида мерасад. Китобхон доност ва зиёитар аз ҳар зиёие, ки худро равшанфикр ва донишманд меҳисобад. Бузургон-онҳое, ки зиндагии хешро бо китоб пайвастанду аз ошноӣ бо он хушбахт шуданд, дар бораи китоб ва аҳамияти он навиштаҳое ба ёдгор мондаанд, ки аз он андешаҳо метавон барои хеш дарси ибрат гирифт. Омӯзиши афкору ақоиди бузургони олам, ки ҳастиашонро умре бо китоб пайвастаанд, бори дигар собит мекунад, ки китоб сарчашмаи саодати инсоният мебошад.

Яке аз файласуфон ва сиёсатмадорони Рими қадим Ситсерон мегӯяд, ки «Утоқи бидуни китоб монанди ҷисми берӯҳ аст» ва ҷои дигар ҳам ӯ илова мекунад ки «Агар модар набошад, ҷисми инсон сохта намешавад ва агар китоб набошад, рӯҳи инсон парвариш намеёбад». Ин фикри Ситсерон воқеан шоистаи андеша ва тааммуқ мебошад. Костагиҳои ҷомеа имрӯз ба рӯҳияи дур аз парвариши инсоният низ марбутанд. Танҳо тавассути китоб мо метавонем рӯҳи шикастнопазир ва болидае дошта бошем, ки он имкони эҷод ва зиндагии пурмазмунро фароҳам оварад.

Бузургони олам ба масъалаи китоб ва таъсири он ба инсону ҷомеа назарҳои мухталиф баён кардаанд ва афкору андешаҳои онҳо шоистаи омӯзиш ва ибрат аст. Аз ҷумла, муҳтавои китоб ва масъалаи дарку маърифати мазмун ва мундариҷаи осори адабӣ аз матлабҳои муҳими ин мавзӯъ маҳсуб мешавад. Нависанда ва ҳакими франсавӣ аз асри 17 Жан де Лабрюер дар мавриди таъсирпазирии китоб ва қабул ва маърифати он аз ҷониби хонанда чунин изҳори назар мекунад: «Аблаҳон асареро мехонанд ва чизе аз он намефаҳманд, ашхоси оммӣ хаёл мекунанд, ки онро комилан фаҳмидаанд. Соҳибони ақли салим гаҳе ҳама онро намефаҳманд, онон нукоти муҳими торикро меёбанд ва нукоти рӯшанро мебинанд ва ашхоси пурмуддао исрор доранд, ки нукоти рӯшанро торик ҷилва диҳанд ва нукотеро ки комилан возеҳу қобили фаҳм аст, нафаҳманд».

Ин нависанда бо андешаи мазкур ба хонанда баҳо медиҳад ва аз назари вай, як осори адабӣ ё бадеӣ метавонад ба таври мухталиф мавриди қабул қарор гирифта бошад. Аз ҷониби дигар, Рене Декарт, файласуф ва математики франсавӣ мегӯяд, ки “хондани як китоби хуб метавонад пояи андешаҳо ва афкори инсонро тағйир диҳад ва чӣ басо мумкин аст китобе сарнавишти миллион нафар инсонро дигар созад”. Бале дар ин маврид метавон садҳо китобро номбар намуд, ки дар марҳалаҳои муҳими таърихии ин ё он кишвар, интихоби дурусти фардои зиндагонии мардум нақши бориз доштаанд ва қаҳрамонони асар ҳамчун идеал ба фардои дурахшони инсонҳо раҳнамоӣ кардаанд. Авроқи китобро файласуфи маъруфи франсуз Уилям Волтер ба манзалаи болҳое мебинад, ки рӯҳи инсонро ба олами нур парвоз медиҳанд.

Виктор Мари Гюго, нависандаи маъруфи франсавӣ орзу мекунад, то дарҳои илм ба рӯи ҳама боз бошанд, «ҳар ҷо мазрае ҳаст, ҳар ҷо одаме ҳаст, он ҷо китоб ҳам бояд бошад». Яъне китоб маҳсули афкори инсонист ва он бояд ҳамеша ҳамроҳи инсон бошад то ӯро раҳнамоӣ ва мададгорӣ кунад. Зеро дур будан аз китоб моро ба водии ғафлат ва ҷаҳолат гусел хоҳад кард, ки бозгашт нахоҳад дошт. Миллате, ки китоб намехонад ва ба он арҷ намегузорад, асли хешро аз даст хоҳад дод. Чунончи, нависандаи муосири амрикоӣ Рей Бредберӣ менависад: «Барои нобуд кардани як фарҳанг ниёзе нест, ки китобҳоро сӯзонд, кофист коре кунед, ки мардум онҳоро нахонад.” Ин ҷо ба маврид аст аз гуфтаи Суқрот ёд кард, ки «Ҷомеа вақте саодат ва фарзонагӣ меёбад, ки хондан кори ҳамарӯзааш бошад».

Масъалаи мутолиаи китоб, аҳамияти он, интихоби китоби хуб, меъёрҳои китоби нағз ва пурарзиш низ мавриди таҳлилу баррасии олимон ва донишмандони ҷаҳонӣ гардидааст. Чунончи, файласуф ва муаррихи асри 16-и англис Франасис Бекон менависад: «Беҳтарин китоб он аст, ки инсонро ба андеша водорад, вагарна ба дарди пора кардан ҳам намеарзад».

Шарл Луи де Монтескё, нависандаи франсавӣ, муллифи романи «Номаҳои форсӣ» зикр мекунад: «Бояд зиёд мутолиа кард, то бифаҳмед, ки ҳеҷ намедонед».

Нависанда ва файласуфи Юнони қадим Плутарх менависад, ки «Парвариши рӯҳи башар ба китоб марбут мебошад. Чун зиндагӣ кӯтоҳ аст ва авқоти фароғат маҳдуд, набояд вақти худро дар хондани китобҳои беарзиш ва каммаъно талаф кард”.

Воқеан интихоби китоби хуб низ донишу завқ ва маърифати баланд мехоҳад. Зеро инсоният имконияти хондани кулли китобҳоро надорад ва танҳо интихоби дуруст аз назари аҳамияти он ба талаботи маънавӣ ва касбии инсон бо назардошти маслиҳату машварати дӯстони китобхону китобшинос айни матлаб хоҳад буд. Зеро ба қавли нависандаи швед Фридрик Бакман, «китобҳои бад душмани рӯҳанд, зеҳнро нобуд мекунанд».

Дар мавриди ҷавоб ба суоли китоби хуб ва муфид кадом аст, нависандаи немиси асри гузашта Франс Кафко мегӯяд, ки «китобҳои муфид онҳое ҳастанд, ки хонандаро ташвиқ ба такмили он кунанд ва ба тафаккур кардан маҷбур созанд».

Дар ин маврид нависандаи англис Ҷозеф Конрад як андешаи ҷолиб баён мекунад, ки дар он арзиши китоби хубу бад аҷиб тафсир мешавад ва шоистаи андеша ва тафаккур аст: «Фақат ду навъи китоб метавонад мақбулияти ом пайдо кунад: беҳтаринашон ва бадтаринашон».

Дар гуфтаву навиштаҳои бузургони олам мушоҳида мешавад, ки китобро ба дӯсти вафодор монанд мекунанд ва гоҳо онро аз дӯст болотар мегузоранд. Дар ин маврид байти маъруфи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба ёд меояд.

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лазҳа аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Нависандаи маъруфи франсавӣ Виктор Мари Гюго мегӯяд, ки «Хушбахт касест, ки ба яке аз ин ду чиз дастрасӣ дорад: ё китобҳои хуб ё дӯстони китобхон». Ин нукта ҷолиб аст ва арзиши ҳикмати деринаи миллати мо «ҳамнишинӣ бо некон»-ро ба ёд меорад. Некон ҳамон аҳли фазлу китобанд, дӯстони китобхонанд, ки инсонҳоро ба роҳи дурусту рост раҳнамоӣ мекунанд ва аз фазилати эшон мардум баҳра мебардоранд. Гюго ҳамзамон хондани як китоби хубро ба манзалаи ҳамнишинӣ бо мардуми шариф медонад ва хонданро беҳтарин роҳи ошно шудан ва сухан доштан бо донишмандон мешуморад.

Мақоми дӯст ва китоб дар гуфтаҳои Волтер ниҳоят муассир ва ҷолиб ифода ёфтаанд: «Ҳамеша наметавон китобе ба дӯст ҳадя кард, аммо ҳамеша метавон бо шинос кардан бо китоби хуб мӯҷиби хушҳолии ӯ шуд. Дар ҷамъи дӯстоне, ки аҳли китоб бошанд, ҳаргиз малолу хастагӣ ба вуҷуд намеояд, ҳаргиз барои суҳбат кардан дучори костӣ намешаванд. Ман вақте ки ба зиндагии худам нигоҳ мекунам, дӯстону китобро бо ҳам ба ёд меоварам: китобҳо низ ба навъе дӯстони мананд».

Шоир ва даматурги англис Уилям Шекспир китобро аз дӯст болотар мегузорад ва аз назари ӯ, «китоб ҳамнафасест, ки туро хаставу малул намесозад, дӯстест, ки туро фиреб намедиҳад, рафиқест, ки ба ту озор намерасонад».

Ҳамин андешаро Ҷоҳиз тақвият мебахшад: «Китоб дӯстест, ки ҳеҷ гоҳ шуморо намефиребад, ё тамаллуқатон намегӯяд ва ҳамроҳест, ки ҳаргиз аз шумо хаста намешавад».

Муаррих ва файласуфи англис Франсис Бекон андешаҳои болоро тақвият медиҳад: «Китоб мӯнису ғамхори авқоти нороҳативу хастагӣ аст, ғаму андӯҳро ба суруру шодмонӣ табдил медиҳад, ранҷу ғамро аз оинаи хотир мезудояд ва ганҷинаи зеҳнро пур аз гавҳарҳои гаронбаҳо мекунад». Нависандаи франсавӣ Самуэл Бекет мавзӯи китоб ва дӯстро бағоят ҷолиб ва ошкор баён месозад: «Китоби хуб ба манзалаи беҳтарин дӯсти мӯниси инсон аст. Ахлоқи сифоти китоб монанди инсон тағйирпазир нест ва ҳарчи аз аввал будааст, ҳамеша ҳам ба ҳамон ҳол боқӣ хоҳад монд. Китоб аз тамоми дӯстони инсон собитқадамтар ва бовафотар ва сабуртар аст ва ҳаргиз дар айёми бадбахтӣ ва меҳнат ба инсон пушт намекунад, баръакс оғӯши муҳаббати ӯ барои истиқбол ҳамеша кушодааст. Дар давраи ҷавонӣ инсонро саргарму машғул месозад ва дар рӯзгори пирӣ ва шикастагӣ таслият ва дилдорӣ медиҳад».

Васфи китоб дар осори бузургони олам маҳз аз таҷрибаву бардошт ва бархурдорӣ аз фазилати хондани китоб рӯи кор омадааст. Зеро китобро ба дарахти пурбору пурмева ва пурсамар монанд кардани Ал-Ҷоҳиз, рукни бузургии некбахтии инсон донистани Франсис Кафко, фармонравои дунёи маданият хондани Волтер, ҷоми ҷаҳоннамо гуфтани Векнур, ё китобхонаро ҳамчун дору сифат кардани Алфенис Дуда ва беҳтарин ҷой донистани мақоли мардум ҳамагӣ дар таърих собит шудааст ва китобро ба манзалаи як рукни маҷудияти бошууронаи инсоният муаррифӣ менамояд. Зеро китоб умри дубораи инсоният мебошад, ки бо мутолиаи он метавон таҷрибаи тамоми умри оқилони оламро мавриди омӯзиш қарор дод. Он ба қавли Франсис Декон, «сафинаест, ки уқёнуси бекарони замонро дарменавардад ё ба гуфтаи Шорл Ду, «дар дунё ғаме нест, ки хондани як сафҳа китоб онро аз байн набурда бошад».

Инсон бо хондани китоб аз ҳақиқати зиндагӣ бохабар мешавад, рӯҳашро чун варзиш дар бадан обу тоб медиҳад ва агар касе, ки бо китоб тасаллӣ ва оромиш ёбад, ҳаргиз оромиши худро аз даст нахоҳад дод. Яъне:

Соиб, маталаб рӯйи дил аз кас, ки дар ин аҳд,
Рӯе, ки нагардад зи касе, рӯи китоб аст.

Саидумрон САИДОВ,
номзади илмҳои филология, дотсент




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво