2 апрел 2023, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар даромадгоҳи ноҳияи Айнӣ манораи 13-метра бунёд гардид

156
Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Айнӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Самарқанд манора (стелла) бо чароғакҳои ранга ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ иттилоъ доданд.

Мудири бахши фарҳанги ноҳияи мазкур Абдулғанӣ Қобилзода иброз дошт, ки баландии манора 13 метр, паҳноии он 4 метрро ташкил медиҳад. Дар болои он рамзи кураи Замин ҷойгир буда, бо чароғакҳои ранга ва парчам оро дода шудааст, ки далели соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Айнӣ ба нақша гирифтаанд, ки то ҷашни миллӣ сохтмони бинову иншооти ҷашнӣ, аз қабили роҳҳо, коргоҳҳои дӯзандагӣ, сартарошхона, китобхона, ҳуҷраи хатна, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ, дорухона, мағоза, синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ғайраҳоро дар муддати кӯтоҳтарин ба истифода диҳанд. Инчунин барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кӯҳистон ва таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи нави кор мусоидат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолият бунёди 499 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво